Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп ба маҳсулоти Тоҷикистон ва Қазоқистон аз 10% то 27% боҷи гумрукӣ таъйин кард
Қазоқистон ба рӯйхати кишварҳое шомил шуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нисбат ба онҳо боҷи гумрукӣ ҷорӣ кардааст. Барои Қазоқистон ин боҷи гумрукӣ 27% муқаррар шудааст, ки баландтарин нишондиҳанда дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
Бар асоси иттилои Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меъёри боҷи гумрукӣ барои маҳсулоти воридотӣ аз Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон 10% муқаррар шудааст.
Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки муқаррар шудани боҷи гумрукии 27% ба воридоти Қазоқистон дар вокуниш ба боҷи гумрукии 54%-и Қазоқистон нисбат ба маҳсулоти воридотии Амрико анҷом дода мешавад.
Бар асоси омор дар соли 2024 Қазоқистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳаҷми 1,97 миллиард доллар маҳсулот содирот кардааст. Маҳсулоти асосии содиротии Қазоқистон ба Амрико нафт, уран, ферросплавҳо ва нуқра мебошад. Дар сохтори умумии содироти хориҷии Қазоқистон ҳиссаи Амрико 2, 4% -ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин давра, Амрико ба Қазоқистон ба маблағи 2, 24 миллиард доллар маҳсулот ворид кардааст, ки 3,4% ҳаҷми умумии воридоти Қазоқистонро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”