Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Депутати мухолифи созишномаи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба парлумон роҳ надоданд
Султонбой Айҷигитов, вакили парлумони Қирғизистон, ки чанде қабл бар зидди созишномаи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон садо баланд намуда, бо он мухолифат карда буд, аз ҳаққи вуруд ба парлумон маҳрум шуд.
Бар асоси қарори Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон дастрасии Султонбой Айҷигитов ба бинои Жогорку Кенеш маҳдуд шуд. Дар ин хусус расонаҳои қирғизӣ хабар медиҳанд.
Султонбой Айҷигитов суҳби 2-уми апрел натавонист ба бинои парлумон ворид шавад. Маъмурияти бино ӯро ба парлумон роҳ надод.
Дар изҳороти парлумон таъкид шудааст, ки 28-уми март КМИР дар маҷлисе қарори қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои вакили парлумон Султонбой Айҷигитовро, ки аз рӯйхати ҳизби сиёсии “Ийман нуру” интихоб шуда буд, қабул кард.
“Жогорку Кенеш қарори дахлдори КМИР-ро дарёфт кард ва бар асоси муқаррароти марбута дастрасии Султонбой Айҷигитов ба бинои парлумон ҳамчун вакил маҳдуд карда шуд. Депутатҳо ва кормандони дастгоҳи парлумон фақат аз даромадгоҳҳои махсус ва бо сабти электронии худ ворид шуда метавонанд. Барои шаҳрвандони дигар имкони ворид шудан ба бинои парлумон бо иҷозатномаи махсус мавҷуд аст”- зикр шудааст дар изҳорот.
Масъалаи қонунӣ будани ваколати вакилии Султонбой Айҷигитов баъди он ба миён омад, ки аввали моҳи март ӯ бар зидди баъзе бандҳои созишномаи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон сухаронӣ кард. Ҳамон рӯз фраксияи “Ийман нуру” ӯро аз ҳайаташ хориҷ кард ва гуфт, ки Айҷигитов мавқеи худро дар масъалаи марзӣ бо фраксия мувофиқ накарда буд.
Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 19-уми март эълон кард, ки нисбати Султонбой Айҷигитов парванда ҷамъоварӣ намудааст, то мушаххас кунад, ки чаро ӯ бар зидди бандҳои созишномаҳои марзӣ изҳори назар мекунад. Ташиев гуфт, маълум шуд, ки Айҷигитов ҳуҷҷати вобаста ба судшавии худро аз КМИР пинҳон намудааст ва ин метавонад сабаби бекор шудани мандати вакилии ӯ гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”