Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пинвингҳо ҳам аз боҷи гумрукии Доналд Тамп бенасиб намемонанд
Дар феҳристи кишварҳое, ки Доналд Трамп бар зидди онҳо боҷи гумрукӣ ҷорӣ кардааст, номи сарзаминҳои гумноме дида мешавад, ки дар навъи худ ҷолиб аст.
Тибқи гузориши расонаҳо, Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чоршанбе боҷи гумрукиро ба ҷазираҳои холӣ аз мардум ва як пойгоҳи низомии Амрико ҷорӣ намудааст.
Бар асоси гузориши расонаи “Ахиос” Амрико боҷи гумрукии навро ба ҷазираҳои Ҳард ва Макдоналд, ки дар уқёнуси Ҳинд дар ҷануби маҳалҳои зериқутбӣ воқеъ аст, муқаррар намудааст. Ин минтақа, ки асосан дар он растаниҳо сабзидаанду аз сокинон холӣ мебошад, ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст. Ҳоло Доналд Трамп ба ин минтақа ҳам боҷи гумрукӣ ҷорӣ намудааст.
Тибқи иттилоъ барои расидан ба ҷазираи Ҳард аз тариқи марзи Австралия 10 рӯз вақт мегирад. Дар ин ҷазира гурӯҳи пинвингҳо, фокҳо ва парандаҳо зиндагӣ мекунанд. Доналд Трамп ҳамчунин, ба ду минтақаи дур аз Норвегия бо номҳои Свалбард ва Ян Маин 10 дарсад боҷи гумрукӣ таъйин кардааст. Ин минтақа ба қутби шимол наздик буда, дар он дар маҷмуъ 2500 нафар зиндагӣ мекунанд. Мушаххас нест, ки ин минтақаҳо ба Амрико чӣ содир мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”