Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон Трампро таҳдид кард. Ба пойгоҳи Диего Гарсия ҳамлаи пешгирона анҷом медиҳем
Мақомоти Эрон дар пайи таҳдидҳои пайд дар пайи Доналд Трамп, президенти ИМА таҳдид намуданд, ки дар сурати идомаи танишҳо ба пойгоҳҳои низомии ИМА ва Британия дар Диего Гарсияи уқёнуси Ҳинд ҳамлаи пешгирона анҷом медиҳанд.
Пойгоҳи муштараки Диего Гарсия воқеъ дар уқёнуси Ҳинд буда, дар он неруҳои низомии ИМА ва Британия Кабир ҷойгир мебошанд. Ин пойгоҳи дарёиро ИМА ва Британия муштаракан идора мекунанд. Тайи як ҳафтаи ахир артиши Амрико бомбафканҳои сангаршикани худро ба ин пойгоҳ мустақар кардааст.
Рӯзномаи “Эканомик таймз” навишт, ки эҳтимол дорад Эрон ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаи Амрико иқдоми пешгиронаи низомӣ анҷом диҳад. Бар асоси иттилои ин рӯзнома фармондеҳони низомии Эрон дастур гирифтаанд, дар сурати авҷ гирифтани таҳдидҳои Доналд Трамп ба пойгоҳ ҳамла кунанд.
Мақомоти Эрон ҳушдор додаанд, ки мушакҳои ин кишвар омодаи ҳамла ба ҳар минтақае ҳастанд, ки аз он ҷо қасди ҳамла ба Эрон сурат мегирад. Онҳо гуфтаанд, ки пойгоҳи ҳарбии Диего Гарсия ва Баҳрайн аз ҷумлаи ҳадафҳои ҳамлаи низомӣ ба ҳисоб мераванд.
Таҳдидҳои Доналд Трамп бар зидди Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки музокироти ин ду кишвар бар сари барномаи атомии Эрон ба бунбаст расидааст. Мақомоти эронӣ ба номаи Доналд Трамп посухи рад дода, гуфтаанд, ки дар шароити таҳдид ва фишорҳои ҳадди аксар музокира нахоҳанд кард.
Расонаҳои арабӣ аз қавли манобеи худ иттилоъ додаанд, ки бархе кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар, Иморот ба Эрон паём додаанд, ки ба Амрико иҷоза нахоҳанд дод, аз пойгоҳҳои мустақар дар ин кишвар барои ҳамла ба Эрон истифода кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”