27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
02.04.2025 15:49

Шавкат Мирзиёев аз ҳамкории Ӯзбекистон бо Толибон дифоъ кард

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, ки сиёсати ҳамкории Ӯзбекистон бо Толибон дуруст аст ва ин кишвар ҳамеша нисбат ба Афғонистон муносибати “воқеӣ ва стратегӣ”-ро амал мекунад. Ӯ гуфт, вақт нишон дод, ки барномаи ҳамкорӣ бо Толибон иқдоми дуруст аст.

Шавкат Мирзиёев дар суҳбат бо хабарнигори телевизиони “Евронюз” дар посух ба суоли ҳамкорӣ бо Толибон чунин изҳор дошт: “Муносибати Ӯзбекистон ва Афғонистон ҳамеша воқеӣ ва стратегӣ буд ва он дурнамои ояндаро фаро мегирад. Мо ҳеч гоҳ аз ҳамсояи худ ҷудо нашудаем ва аз он рӯ нагардонидаем”.

Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки рушди Афғонистон бидуни ҳамкориҳои кишварҳои ҳамсоя ғайриимкон хоҳад буд. Ӯ афзуд, мутмаин буд, ки ҳукумати пешини Афғонистон қудратро ҳифз карда наметавонад.

Президенти Ӯзбекистон сабаби асосии нокомии ҳукумати пешинро дар ташкил накардани ҳукумати фарогир ва фасоди густурда дар тамоми сатҳҳои давлатӣ арзёб кард.

Шавкат Миризёев бо дифоъ аз сиёсати гурӯҳи террористии Толибон гуфт, ки онҳо тавонистанд вазъиятро мудирият кунанд, захираҳои худро ба рушди зерсохтҳо, аз ҷумла майдонҳои ҳавоӣ, шабакаҳои роҳи оҳан, иншооти обу барқ ва коҳиши кишт ва истеҳсоли маводи мухаддир равона созанд.

Дифои Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз гурӯҳи террористии Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки Амрико, Аврупо ва бархе кишварҳои дигари ҷаҳонӣ аз фаъолияти ин гурӯҳ норозиянд ва барои ояндаи Афғонистон нақшаҳои ҷидиди сиёсӣ ироа мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.