26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:44, Душанбе
02.04.2025 10:39

Шумораи сайёҳон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст

Шумораи гардишгарони хориҷие, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардаанд, дар соли 2024 ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Бар асоси иттилооти протали “Finprom.kz”, ки дар заминаи омори мақомот асос ёфтааст, дар соли 2024 шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ дар Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба 28,6 миллион нафар расидааст. Дар ин хусус хабаргузории давлатии “Казинформ” низ хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъ, дар муқоиса ба соли 2023 шумораи вуруди сайёҳони хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 11% афзоиш ёфтааст. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ беш аз ҳама дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст.

Бар асоси иттилои Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2024 ин кишвар 15,3 миллион сайёҳони хориҷиро қабул намудааст, ки аз ин миқдор 10,4 миллион нафари онҳо беш аз як рӯз дар Қазоқистон боқӣ мондаанд. Давомнокии муҳлати будубоши сайёҳони хориҷӣ дар ин кишвар беш аз 4 рӯзро ташкил додааст. Афзоиши шумори сайёҳон дар муқоиса бо соли 2023 беш аз 1,2 миллион нафар ё 13% будааст.

Дар мақоми дувум дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ Қирғизистон қарор гирифтааст. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, бо ишора ба Фонди дастгирии рушди сайёҳии Қирғизистон, дар соли гузашта ба ин кишвар 8,6 миллион сайёҳи хориҷӣ сафар кардааст. Ин рақам ба як кишваре, ки 7,2 миллион аҳолӣ дорад, нишондиҳандаи ҳайратовар аст.

Ӯзбикистон низ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ нишонаи барҷастаи афзоишро дорад. Дар соли 2024 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 8 миллион нафар расид, ки афзоиши 20% -ро нишон медиҳад.

Тибқи иттилои омори Кумитаи омори Ӯзбекистон 6,3 миллион нафар ё 79,4% сайёҳони хориҷие вориди ин кишвар шудаанд, ки марзро бо пойи пиёда тай кардаанд. Дар моҳи декабри соли 2024 Ӯзбекистон Кодекси байналмилалии ҳифзи сайёҳонро имзо намуд. Ин кишвар дар сатҳи байналмилалӣ уҳдадориҳои худро оид ба тақвияти кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқи сайёҳон нишон дод.

Вазъияти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон низ назаррас аст. Сайёҳони асосии ин кишвар шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд, ки ҳиссаи онҳо дар миёни сайёҳони кишварҳои хориҷӣ 61% -ро ташкил медиҳад. Қисмати бузурги сайёҳони хориҷии Тоҷикистон беш аз 26,9% -ро сайёҳони рус ташкил медиҳанд. Сайёҳони Қазоқистон нисбатан камтар мебошанд, яъне танҳо  2,6%. Яке аз монеаҳои асосӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон барои рушди сайёҳии марзӣ набудани марзи муштарак миёни ин ду кишвар аст.

Кишвари Тоҷикистон ба таври фаъолона сохтори туризмро тақсим мекунад.

Дар гузориши хабаргузории давлатии “Казинформ” омори дақиқ дар хусуси афзоиши сафари сайёҳони хориҷӣ ба Туркманистон нашр нашудааст. Дар гузориш таъкид шудааст, ки иттилооти марбут ба сафари сайёҳон ба Туркманистон дастнорас аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.