27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
02.04.2025 10:21

“Наврӯз, Науриз, Нооруз”. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳорро чӣ гуна пешвоз мегиранд?

Фасли баҳор дар Осиёи Марказӣ на фақат тағйири мавсим, балки замони навсозӣ, сулҳ ва корҳои нек мебошад. Дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон 21-уми март яке аз ҷашнҳои қадимтарин, самимитарин – Наврӯзро таҷлил мекунанд.

Дар ҳар як кишвар ин Ид бо анъанаҳои хоси худ таҷлил мешавад, вале моҳияти он бетағйир боқӣ мемонад: истиқболи баҳор бо дили пок, густурдани дастархони пурнозу неъмат ва боварӣ ба ояндаи нек.

Ӯзбекистон. Ҳама чиз аз ҳашар оғоз меёбад

Омодагӣ ба Наврӯз дар Ӯзбекистон аз чанд ҳафта пеш оғоз мешавад. Мардум ба кӯчаҳо мебароянд, ҳавлӣ ва маҳаллаҳоро пок мекунанд ва дарахт мешинонанд. Бовар доранд, ки баҳорро бояд дар покизагӣ пешвоз гирифт, то соли нав пур аз баракат бошад. Аммо ҷодуи аслӣ шаби пеш аз ин оғоз мешавад - вақте ки дар дегҳои бузург суманак мепазанд ва ба он суруд ва рақсу шӯхиҳо ҳамроҳ мешавад.

Дар вақти пӯхтан бо нияти орзу кардан ба дег сангчаҳо ё чормағзҳо мепартоянд. Баъзеҳо партофтани сангчаву чормағзро барои насӯхтани таги дег ё осонтар омехта кардани он маънидод мекунанд.

Рӯзи ҷашн, 21-уми март дар саросари кишвар дастархони идона густурда мешавад. Дар он ҳатман кук-самбӯсаи хушбӯй, ҳалими болаззат (таом аз гӯшт ва гандуми пӯхта), чормағз ва меваҳои хушк мавҷуданд.

Дар майдонҳои марказии шаҳрҳо ярмаркаҳо, консертҳо, бозиҳои мардумӣ ва мусобиқаҳои гӯштингирӣ баргузор мегардад.

Қазоқистон. Некӣ ҳарчи бештар

Дар Қазоқистон ҷашни баҳорӣ “Науриз” ном дорад ва он се рӯз, аз 21-ум то 23-уми март давом мекунад. Дар ин ҷо низ муҳим аст, ки баҳорро бо покизагӣ ва ниятҳои нек пешвоз гиранд: пешакӣ хонаро тоза кунанд, бо наздикон оштӣ шаванд ва ба ниёзмандон кумак расонанд.

Таоми асосии идона “Науриз коже” мебошад, ки аз ҳафт компитент иборат аст: об, гӯшт, шир, намак, ғалладона, равған ва ҳанут. Инчунин, баурсак, бешбармак ва дигар таомҳо пӯхта мешаванд. Қазоқҳо бовар доранд, ки ҳар қадар бештар меҳмонро зиёфат кунанд, ҳамон қадар соли пурфайзтар хоҳанд дошт.

“Инчунин, дар Қазоқистон одати ба кӯдакон тақсим кардани шириниҳо ва орзуи “Науриз қутту болсун!” маъмул аст. Ғайр аз ин, Науриз ҷашни корҳои нек низ мебошад. Агар дар ин рӯз ба касе кумак расонӣ, тамоми сол бахт бо ту хоҳад буд” – мегӯяд Дамира, сокини шаҳри Алмаато.

Дар шаҳрҳои калон юртаҳо мегузоранд, ки дар онҳо таомҳои миллӣ чашида мешаванд, зеварҳо харидорӣ мешаванд ва рақсҳои анъанавӣ намоиш дода мешаванд. Дар Қазоқистон Науриз бештар ба як фестивали этнографӣ монанд аст.

Қирғизистон. Умед ба ҳосили фаровон

Дар Қирғизистон ин ид Нооруз ном дорад ва он бештар бо табиат алоқаманд мебошад. Бовар доранд, ки 21-уми март модари замин пас аз хоби зимистон бедор мешавад.

“Мо ҳамеша интизори нахустин сабза ҳастем – ин нишонаи оғози сол аст. Агар нахустин шуда гулро бубинӣ, бояд орзу кунӣ ва он ҳатман амалӣ мешавад” – мегӯяд Артём - сокини шаҳри Бишкек.

Ба мисли кишварҳои ҳамсоя дар Қирғизистон низ пеш аз ид хонаро тоза мекунанд, бо наздикон оштӣ мешаванд ва дасторхони идона меороянд. Суманак мепазанд, инчунин, “чон-кеже” – таоми серғизо аз гӯшт, ғалладона ва ҳанут омода мекунанд. Ин таомро ба миқдори зиёд мепазанд, то ҳама меҳмононро зиёфат диҳанд, зеро ин ҷашн рамзи саховат, баракат ва иттиҳоди мардум аст.

То ҳол бисёре аз қирғизҳо ба анъанаи қадимӣ пайравӣ мекунанд: шаби пеш аз ид ҳама зарфҳои хонаашонро бо шир, айрон ва ғалладона пур мекунанд, ки ин рамзи умед ба ҳосили фаровон ва шукуфоӣ мебошад.

Тоҷикистон. Як ҳафта Наврӯз

Дар Тоҷикистон Наврӯз як ҳафта идома мекунад. Дар кӯчаҳо раҳпаймоӣ ва мусобиқаҳои гӯштингирӣ, инчунин, бозии суннатии “бузкашӣ” баргузор мешавад, ки дар он ширкаткунандагон бояд ҷасади бузро аз дасти рақибон кашида гиранд. Ҷавонон дар ин ҷашнҳо барои худ ҳамсар интихоб мекунанд.

Қабл аз ин, одат аст, ки қарзҳоро баргардонанд, чизҳои нолозимро партоянд ва дар рӯзи Наврӯз дастархони пурнозу неъмат густурда шавад. Дар дастархон бояд ҳафт хӯрок бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” бошад, ки ин анъана аз давраи Зардуштия боқӣ мондааст. Ин рамзи “Ҳафт муқаддаси ҷовидона” мебошад, ки тибқи ривоят ба замин мефароянд, то бо мардум ҳамдаст шаванд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон суманак мепазанд. Анъанаи сангчаҳо дар дег низ бо фарқияти хурде нигоҳ дошта шудааст.

“Қабл аз пӯхтан ба дег чормағз ва сангчаҳо мепартоянд ва субҳ менигаранд, ки чӣ гуна нақшҳо пайдо шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин нишонаи ояндаи сол аст. Як дафъа дар назди бибии ман нақше ба мисли офтоб пайдо шуд ва он сол воқеан гарм ва пурсаодат буд”- мегӯяд Маҳрангез, сокини шаҳри Душанбе.

Матлаб бо истифода аз маълумотҳои интернетӣ омода шудааст

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.