Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вакили қирғиз: “30-40% оби Қуштеппа дар қум гум мешавад. Мушкилоти бузурги Омӯ ва Сирдарё имсол оғоз мешавад”
Алишер Эрбоев, вакили парлумони Қирғизистон аз сохта шудани 100 километр канали Қуштеппа дар Афғонистон хабар дода, гуфт, ки пас аз ин мушкилоти бузурги тақсимоти захираҳои об дар минтақа оғоз хоҳад шуд.
Алишер Эрбоев дар маҷлиси Кумитаи сиёсати аграрии парлумони Қирғизистон ба муовини сарвазири Қирғизистон Ҷонибек Карималиев муроҷиат намуда, таъкид кард, ки ин масъала бояд баррасӣ шавад.
Ӯ гуфт: “Шумо бояд сиёсати захираҳои обиро бознигарӣ кунед”.
Алишер Эрбоев, вакили парлумони Қирғизистон бо изҳори нигаронӣ таъкид кард, ки аз ҳамин сол мушкилоти ҷиддӣ вобаста ба тақсими захираҳои обии дарёҳои Омӯ ва Сир оғоз мешавад.
“Афғонистон канале бо дарозии 100 километр сохт. Аз ин миқдор 30-40% об танҳо дар қум нопадид мешавад. Дар поён ҳамсояҳои мо – Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ба мушкил дучор мешаванд, зеро 40% об ба онҳо намерасад. Ин мушкилоти бузургро ба вуҷуд меоварад”- афзуд Алишер Эрбоев.
Вакили қирғиз гуфт, ки оид ба баррасии ин мушкилот як шахс – Алмазбек Сокеев огоҳ буд ва бояд барои баррасии ин масъала шахсе таъйин шавад, ки фаҳмиши кофӣ дошта бошад.
“Дар ин ҷо шахсе лозим аст, ки ҳама чизро дарк кунад ва бо кишварҳои ҳамсоя музокирот карда тавонад. Ҳамаи ин корҳоро танҳо Алмазбек Сокеев хуб медонад” – таъкид кард вакили қирғиз.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”