Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Муовини Трамп Толибонро “бадтарин созмони террористии ҷаҳон” номид
Джеймс Дэвид Вэнс, муовини президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи Толибонро яке аз “бадтарин созмонҳои террористии ҷаҳон” номид. Ӯ зимни боздиди пойгоҳи низомии хориҷии Амрико дар қисмати шимолии Гренландия гуфт: “Ҳудуди 80 миллиард доллар таҷҳизоти низомӣ ба яке аз бадтарин созмонҳои террористии ҷаҳон супорида шуд”.
Ӯ ёдовар шуд, ки тақрибан 4 сол қабл дар замони президентии Ҷо Байден 13 амрикоӣ дар майдони ҳавоии Кобул аз сӯйи ДОИШ кушта шудаанд. Ӯ ба қатл расидани сарбозони амрикоиро “хатои фоҷеабор” хонд.
Ин изҳороти Джеймс Дэвид Вэнс дар ҳолест, ки Абдуқоҳир Балхӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон гуфт, аслиҳаҳои боқимондаи Амрико дар Афғонистон ба ин гурӯҳ тааллуқ доранд ва баргардонда намешаванд.
Муовини Доналд Трамп дар хусуси боқӣ мондани аслиҳаҳои Амрико дар Афғонистон изҳори назар кард ва гуфт, ки “Расонаҳои Амрико барои солҳои зиёд аз ҳар гуна таҳқиқот ва омӯзиш дар дохили кишвар дар ин маврид худдорӣ карданд”.
Бо хуруҷи ногаҳонии низомиёни Амрико аз хоки Афғонистон ба арзиши садҳо миллиард доллар таҷҳизоти низомии Амрико ба дасти гурӯҳи террористии Толибон афтид. Ҳарчанд бархе таҷҳизотро дар вақти хуруҷ низомиёни амрикоӣ нобуд карданд, вале қисми зиёди он дар ихтиёри Толибон қарор гирифт.
Бархе кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистон қарор гирифтани таҷҳизоти низомии Амрико дар дасти Толибонро бурзургтарин хатари амниятӣ медонанд. Покистон мегӯяд, ки таҷҳизоти низомии боқимонда дар Афғонистон ба дасти гурӯҳҳои террористӣ афтидааст.
Президенти Амрико Доналд Трамп дар охирин изҳороти худ бори дигар таъкид намуд, ки гурӯҳи террористии Толибон бояд таҷҳизоти низомии Амрикоро бозпас диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”