Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тотористон дар 1 сол 37 миллион доллар маҳсулоти ҳалол ба Афғонистон содир кардааст
Раиси Маркази тиҷорати Русия дар Афғонистон хабар дод, ки Тотористон дар соли 2024 ба маблағи 37 миллион доллар маҳсулоти ҳалол ба Афғонистон содир намудааст. Рустам Ҳабибуллин гуфт, ки интизор меравад ин рақам дар соли 2025 ба 100 миллион доллар расад. Тибқи гуфтаи ӯ, Афғонистон харидори асосии маҳсулоти ҳалоли Ҷумҳурии Тотористон мебошад.
Бар асоси иттилои хабаргузории давлатии Ҷумҳурии Тотористон раиси Маркази тиҷорати Русия дар Афғонистон гуфт, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти ҳалол ба Афғонистон дар соли 2023 ҳамагӣ 2 миллион доллар буд. Ӯ афзуд, ки ҳаҷми содироти Тотористон ба Афғонистон бо суръати чашмрас афзоиш ёфта, интизор меравад имсол ба 100 миллион доллар расад.
Бар асоси гузоришҳо, баъди таҳримҳои аврупоӣ бар зидди Русия ҳаҷми содирот аз минтақаҳои мухталифи ин кишвар ба Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Қаблан, хабаргузории Рейтерз гузориш дода буд, ки баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо содироти гази моеъи Русия ба Афғонистон ва Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст. Бар асоси ин гузориш, дар ду моҳи ахир содироти гази моеъи Русия ба Афғонистон 52% фоиз афзоиш ёфта, ба 71 ҳазор тонна расидааст.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти федералии назорати бойторӣ ва беҳдошти растаниҳои Башқирдистон низ моҳи феврал эълон кард, ки Афғонистон воридоти чӯбро аз ин ҷумҳурӣ зиёд намудааст. Ин ниҳод гуфт, ки ғайр аз чӯб, маҳсулоти ғизоӣ, ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Башқирдистони Русия ба Афғонистон содирот шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”