Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар рӯзи Ид ҳамлаҳои Исроил ҷони панҷ кӯдаки фаластиниро гирифт
Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии бераҳмонаи Неруҳои ҳавоии Исроил ба минтақаи Ғазза дар рӯзи Иди саиди Фитр 9 нафар кушта шуданд. Дар миёни кушташудаҳо панҷ нафар кӯдак мебошанд.
Бар асоси иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира”-и Қатар кӯдакон дар натиҷаи ҳамлаи шабона дар рӯзи якшанбе ба ҳалокат расиданд.
Қаблан, ниҳодҳои тандурустии фаластинӣ эълон намуда буданд, ки то поёни рӯзи шанбе 24 фаластинӣ дар ҳамлаҳои артиши ишғолгари Исроил ба шаҳодат расидаанд. Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза рӯзи шанбе гуфт, ки дар 24 соати гузашта 26 фаластинӣ дар ин минтақа кушта шуда ва 70 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Бар асоси гузоришҳо, аз оғози мавҷи нави ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Ғазза то ба имрӯз 921 нафар кушта ва 2054 нафар захмӣ шудаанд. Бо афзудани шумори кушташудаҳо ва захмиён, дар маҷмуъ шумораи қурбониёни ҳамлаи Исроил ба Ғазза аз 7-уми октябри соли 2023 то ба имрӯз ба 114095 нафар расидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”