27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
“Сериалҳои туркиро дар Русия манъ кунед. Ба демография таъсири манфӣ мерасонанд”
Гурӯҳе аз ҷомеаи шаҳрвандии Русия аз мақомот хостаанд, ки пахши сериалҳои туркӣ дар қаламрави ин кишвар манъ карда шавад. Онҳо гуфтаанд, ки пахши сериалҳои туркӣ ба демография дар ин кишвар таъсири манфӣ мерасонанд.
Намояндагони ҳаракати иҷтимоии “Ветеранҳои Русия” бо пешниҳоди дархост ба Думаи давлатӣ, Роскомнадзор ва Вазорати фарҳанги Русия масъалаи манъ намудани пахши сериалҳои туркиро ба миён гузоштаанд. Намояндагони Ҳаракат гуфтаанд, ки сериалҳои туркӣ бо ташаккули “симои ғайривоқеии мард” ба сатҳи демографияи ин кишвар таъсири манфӣ мегузоранд.
“Занҳо пас аз тамошои чунин сериалҳо, ба ҷавонмардони худ таваҷҷуҳро аз даст медиҳанд, зеро онҳо интизори рафтори ғайривоқеие мешаванд, ки ба воситаи филмҳои хориҷӣ ташаккул ёфтааст” – таъкид кардааст раиси Ҳаракати ҷумҳуриявии “Ветеранҳои Русия” Илдар Резяпов.
Илдар Резяпов гуфтааст, ки боло рафтани маъруфияти сериалҳои туркӣ боиси паст гардидани сатҳи таваллуд ва суст шудани институти оила дар Русия мешавад.
Ҳаракати “Ветеранҳои Русия” пешниҳод кард, ки мафҳуми “пропагандаи деструктивӣ” (таблиғоти харобкунанда) дар сатҳи муайяни қонунгузорӣ муқаррар карда шавад ва мушаххас гардад, ки кадом унсурҳо дар маҳсулоти синамо метавонад ба ин категория дохил шавад.
“Сериалҳои туркӣ – ин як қисми ҷанги идеологӣ барои зеҳнҳо, аз ҷумла барои зеҳни занҳои мо мебошанд. Ҷолиб мебуд бидонем, ки оё дар Туркия сериалҳои русӣ намоиш дода мешаванд, ситораҳои синамои мо ба он ҷо мераванд ва оё занони турк дар сафи мухлисони онҳо меистанд. Ин хеле шубҳаовар аст” – гуфтааст Илдар Разяпов.
Қаблан низ вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия Виталий Милонов пешниҳод карда буд, ки пахши сериалҳои туркӣ дар қаламрави Федератсияи Русия манъ карда шавад. Ӯ гуфта буд, ки чунин сериалҳо “зиндагиеро нишон медиҳанд, ки ба воқеият созгор нестанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”