Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар рӯзи 3-юми ҳамлаҳои хунини Исроил ба Ғазза 710 фаластинӣ кушта шуданд
Дар рӯзи сеюми ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Исроил, минтақаҳои мухталифи навори Ғазза аз ҷониби ҳавопаймоҳои ин кишвар бомбаборон шуданд.
Дар натиҷаи ҳамлаҳои хунини неруҳои ҳавоии Исроил то кунун садҳо фаластинӣ захмӣ ва садҳо тани дигар кушта шудаанд.
Тибқи иттилоъ, фақат дар ҳамлаҳои пеш аз субҳи рӯзи панҷшанбе дар шимол ва ҷануби Ғазза дастикам 71 фаластинӣ, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд.
Ин рақам ба омори қаблии Вазорати тандурустии Ғазза илова мешавад, ки аз кушта шудани 436 фаластинӣ, аз ҷумла 183 кӯдак баъд аз нақзи оташбас аз ҷониби Исроил дар рӯзи сешанбе хабар дода буд.
Шабакаи телевизионии “Ал-ҷазира” ба нақл аз Халил ал-Дақрон, сухангӯи Вазорати тандурустии навори Ғазза хабар дод, дар ҳамлаҳои режими Исроил, ки аз рӯзи сешанбе оғоз гардид, то кунун 710 фаластинӣ кушта шудаанд.
Бар асоси иттилои Халил ал-Дақрон то ба ҳол 900 фаластинӣ захмӣ шудаанд, ки бисёре аз онҳо бинобар нарасидани таҷҳизоти тиббии зарурӣ ва дору имкони дарёфти кумаки фаврии тиббиро надошта, ҷони худро аз даст додаанд.
Тибқи гуфтаи ӯ, тақрибан 70 дарсади захмиён кӯдакон ва занон буда, аксар ҷароҳатҳои вазин бардоштаанд.
Дар пайи нақзи оташбас ва ҳамлаҳои хунини ҳавоии Исроил дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ба хотири ҳамдардӣ бо мардуми Фаластин гирдиҳамоиҳо ҷараён доранд. Дар шаҳри Франкфурти Олмон тазоҳурот баргузор шуд, ки дар он мардуми шаҳр барои баён кардани “на” ба наслкушии навбатии Исроил бар зидди мардуми мазлуми Ғазза ҷамъ омадаанд.
Ҳамзамон, бо оғози мавҷи нави наслкушии ишғолгарони Қудс дар Ғазза мардум дар чанд кишвари дигар, аз ҷумла Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар шаҳрҳои Сан-Франсиско, Ню-Йорк ва Чикаго ба кӯчаҳо баромада, бо эълони ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин ҷиноятҳои ин режимро бар зидди мардуми мазлум маҳкум кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”