Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия то ба ҳол омода нест Толибонро аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кунад
Бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти Кремлин, Русия то ба ҳол омода нест, ки гурӯҳи террористии Толибонро аз рӯйхати ташкилотҳои террористӣ хориҷ кунад. Тақрибан ду моҳ қабл, Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия фармонеро имзо кард, ки тибқи он ҳузури Толибон дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ муваққатан бозбинӣ карда мешавад.
Бархе мақомот дар Маскав ба расонаҳо гуфтаанд, ки бо вуҷуди содир шудани ин қарор, нигарониҳои Владимир Путин дар хусуси гурӯҳи террористии Толибон то ба ҳол пурра бартараф нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки Андрей Руденко, муовини Вазири корҳои хориҷии Русия моҳи гузашта гуфт, раванди аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ намудани Толибон “замонгир” аст. Ӯ дар робита ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон низ гуфта буд, ки Маскав дар ин самт “шитоб намекунад”.
Тибқи фармоне, ки Владимир Путин дар моҳи январи соли ҷорӣ содир кард, хориҷ намудани исми як гурӯҳи террористӣ аз рӯйхати ташкилотҳои манъшуда метавонад бо қарори додгоҳ ва бо дархости прокурори Русия ё муовини ӯ муваққатан сурат гирад.
Ёдовар мешавем, ки Суди Олии Русия 14-уми феврали соли 2003 Толибонро ҳамчун як ташкилоти террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар ҳудуди ин кишвар манъ карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”