27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
20.03.2025 11:57

Акрам Имомоғлу, рақиби Эрдуғон ва раиси шаҳри Истанбули Туркия боздошт шуд

Мақомоти прокуратураи шаҳри Истанбул Акрам Имомоғлу, раиси шаҳри Истанбул ва номзад ба мақоми президентии соли 2028-ро ба иттиҳоми фасод ва ҳамкорӣ бо “як гурӯҳи террористӣ” боздошт кардаанд. Акрам Имомоғлу, роҳбари мухолифони Ҳукумати Туркия бояд рӯзи якшанбеи ҳафтаи оянда номзадиаш барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2028-ро эълон мекард. Мақомоти Туркия дар пайи боздошти Акрам Имомоғлу садҳо нафар тоҷирон ва тарафдорони ӯро низ боздошт кардаанд.

Прокуратураи Туркия ҳукми боздошти Акрам Имомоғлуро ба гумони даст доштан дар фасод ва ҳамкорӣ бо як гурӯҳи террористӣ содир кард.

Дар пайи боздошти Акрам Имомоғлу садҳо нафар дар майдони Истанбул гирди ҳам омада, бар зидди боздошти ӯ тазоҳурот намуданд.

Мақомоти Туркия дар пайи боздошти роҳбари мухолифон ва раиси шаҳри Истанбул Акрам Имомоғлу дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фейсбук, твиттер, ютуб ва истаграмро дар ин кишвар маҳдуд кардаанд.

Прокуратураи Туркия Акрам Имомоғлуро ба пуштибонӣ аз Ҳизби коргарони курд (ҲКК) муттаҳам кардааст. 

Мақомоти шаҳри Истанбул ҳар гуна баргузории гирдиҳамоӣ ба муддати 4 рӯзро манъ кардаанд. Бо вуҷуди ин, рӯзи гузашта садҳо нафар ҷонибдорони Акрам Имомоғлу ба майдони шаҳри Истанбул омада, аз мақомот озодии ӯро талаб намуданд.

Баъди боздошти раиси шаҳри Истанбул Акрам Имомоғлу арзиши асъори миллӣ ва тилло дар Туркия афзоиш ёфт. Қарби лираи туркӣ бо 2% коҳиш, ба пасттарин сатҳи худ нисбат ба доллари амрикоӣ расид.

Эма Синклер Вебб, мудири созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар Туркия боздошти Акрам Имомоғлу ва тоҷирону рӯзномагирони тарафдори ӯро маҳкум намуда, ин корро “сӯйистифодаи ошкоро аз низоми додгоҳӣ” номид ва хост боздоштшудаҳо фавран озод карда шаванд.

Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқӣ, бузургтарин ҳизби мухолифон мехост ҳафтаи оянда Акрам Имомоғлуро ба ҳайси номзади худ барои интихоботи президентии соли 2028 муаррифӣ кунад.

Як рӯз қабл аз боздошт Донишгоҳи Истанбул шаҳодатномаи таҳсилоти Акрам Имомоғлуро бинобар вуҷуд доштани “камбуди равандҳои маъмурӣ” бекор кард. Ин масъала метавонад номзадии ӯро дар интихоботи президентии соли 2028 ба мушкил рӯ ба рӯ кунад. Яке аз шартҳои асосии номзад ба президентӣ дар Туркия доштани дипломи маълумоти олӣ мебошад.

Бархе созмонҳо ва кишварҳои аврупоӣ боздошти роҳбари мухолифони Туркия Акрам Имомоғлуро маҳкум намуда, аз Раҷаб Эрдуғон хостаанд, ки ба арзишҳои демократӣ пойбанд бошад.

Дар аввалин изҳороти расмӣ ҳукумати Раҷаб Эрдуғон гуфт, ки ҳукумат дар тасмимгирии прокуратура ва суд дахолат намекунад ва онҳо мустақилан амал мекунанд.

Интихоботи президентӣ дар Туркия соли 2028 баргузор мешавад. Аҳзоби сиёсӣ дар Туркия аз ҳоло корзори интихоботиро оғоз намуда, барои ширкат дар интихоботи оянда, ки 3 сол баъд баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Акрам Имомоғлу дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуд ва курсии шаҳрдории Истанбулро ба даст овард. Ӯ бо рақиби худ аз Ҳизби адолат ва рушди Раҷаб Эрдуғон дар интихоботи парлумонӣ пирӯз гашт.

Мақомоти прокуратураи Туркия Акрам Имомоғлуро дар фасоди идорӣ, сармоягузорӣ ва пуштибонӣ аз Ҳизби коргарони курд, ки дар ин кишвар террористӣ эълон шудааст, муттаҳам мекунанд.

Боздошти Акрам Имомоғлу ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби коргарони курд дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде қабл роҳбари ин ҳизб бо нашри баёния гуфт, ки замони пароканда намудани Ҳизб фаро расидааст ва аз тарафдоронаш хост, силоҳҳои худро ба замин гузоранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.