27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
20.03.2025 11:37

Эрон изҳороти Доналд Трампро қотеъона рад ва маҳкум кард

Доналд Трамп бо судури фармони ҳамла ба Яман ба Эрон ҳушдор дод, ки дар сурати ҳимояти ҳусиҳои Яман мавриди ҳамлаи Амрико қарор хоҳад гирифт. Дар вокуниш ба ин таҳдиди президенти Амрико намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид вокуниш нишон дод.

Амирсаъид Ирвонӣ , намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар номае ба Шурои амнияти Созмон таҳдидҳои Амрико нисбат ба Эронро қотеъона рад ва маҳкум кард.

Дар номаи намояндаи доимии Эрон дар СММ Амирсаъид Ирвонӣ  таъкид мешавад, ки Эрон изҳороти душманонаи ахири мақомоти баландпояи ҳукумати Амрико, аз ҷумла президенти ин кишварро “қотеъона маҳкум мекунад”.

Намояндаи Эрон таъкид мекунад, ки ба сабаби поймолкунии ҷиддии ҳуқуқи байналмилалӣ Эрон ин “изҳороти хатарнокро қатъиян рад ва маҳкум мекунад”.

“Эрон аз Шурои амният талаб мекунад, ки мавқеи рӯшан ва принсипиалӣ дар маҳкум кардани чунин лаҳни танишзод қабул намуда, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хоҳад, ки уҳдадориҳои худро тибқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид иҷро намояд” – зикр мешавад дар номаи намояндаи Эрон дар СММ.

Дар бахши дигари нома зикр мешавад, ки Эрон таҷовузи низомии ахир ва истифодаи ғайриқонунии зӯроварӣ бар зидди Яман аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабирро қотеъона маҳкум мекунад.

“Ин амалҳо нақзи ошкорои истиқлолият ва тамомияти арзии Яман буда, бар хилофи ҳуқуқи байналмилалӣ, Оинномаи СММ ва қатъномаҳои марбутаи Шурои амният мебошад ва дар натиҷа таҳдиди ҷиддӣ ба сулҳу суботи минтақа ҳисобида мешавад” - зикр шудааст дар номаи Амирсаъид Ирвонӣ .

Тайи чанд рӯзи ахир неруҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қисматҳои мухталифи Ҷумҳурии Яман ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Бар асоси гузориши расонаҳо, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даҳҳо нафар ғайринизомӣ кушта шудаанд. Мақомоти амрикоӣ, аз ҷумла Доналд Трамп таҳдид карданд, ки дар сурати пуштибонии Эрон аз муборизони яманӣ, ба вокуниши ҷиддии Амрико рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Доналд Трамп аз Эрон хост, ки аз пуштибонии гурӯҳи ҳусиҳои Яман даст бардорад.

Дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп, вазири корҳои хориҷии Эрон Сайидаббос Ироқчӣ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико наметавонад сиёсати хориҷии Эронро дикта кунад. Ӯ гуфт, ки Эрон ба ҳама гуна таҷовуз ва ишғол мухолиф аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.