27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
19.03.2025 12:17

Исроилро маҳкум карданд. Вокуниши Русия, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо ба ҳамлаҳои ҳавоии Исроил

Дар пасманзари мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалӣ Русия, Иттиҳоди Аврупо, Миср, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар ва як қатор кишварҳои дигар дар бораи азсаргирии ҳамлаҳои Исроил ба минтақаи Ғазза вокуниш нишон доданд.

Русия бо изҳори таассуф аз оғози дубораи амалиёти низомии Исроил гуфт, ҳар гуна иқдоме, ки боиси ҳалокати ғайринизомиён гардадро маҳкум мекунад.

“Маскав бо андуҳи амиқ аз оғози дубораи амалиёти низомии Исроил дар минтақаи Ғазза огоҳ шуд ва ҳар ду ҷонибро ба бозгашт ба музокирот даъват намуд” – гуфтааст дар як баёния Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ изҳор дошт, ки Амрико масъули мустақими “идомаи қатли омм дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин” аст.

Тамим Халиф, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷиии Миср ҳамлаҳои ҳавоии Исроилро “вайронкунии ошкорои оташбас” ва нишонаи “шиддат гирифтани таниши хатарнок” номид.

Муҳаммад Мумонӣ, сухангӯи ҳукумати Урдун гуфт, ки кишвараш аз шаби гузашта “бомбаборони таҷовузомез ва ваҳшиёнаи Исроил дар минтақаи Ғаззаро” пайгирӣ мекунад. Ӯ ба “зарурати қатъи ҳамлаҳои Исроил” таъкид кард.

Арабистони Саудӣ ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба “минтақаҳои пур аз ғайринизомиёни бе паноҳ”-ро, ки бе “ҳатто хурдтарин эҳтиром ба қонунҳои байналмилалии инсонӣ” анҷом дода шудаанд, шадидан маҳкум кард.

Ҳоҷа Лаҳбиб, комиссари кумакҳои башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки хушунатҳои навбатӣ фавран қатъ шаванд ва тарафҳо ба оташбас баргарданд. Ӯ гуфт, ки мардуми ғайринизомии Ғазза “азобҳои ғайриқобили тасаввур”-ро таҳаммул карда истодаанд.

Мақомоти тандурустии Фаластин хабар доданд, ки зиёда аз 400 нафар дар амалиёте, ки артиши Исроил онро “ҳамлаи пешгирона” бар зидди Ҳамос мехонад, кушта шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.