27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
19.03.2025 11:26

Нақзи оташбас. Дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Ғазза 413 ғайринизомӣ кушта шуд

Баъди поён ёфтани оташбас, ки аз 19-уми январи соли 2025 оғоз шуда буд, Исроил субҳи дирӯз ҳамлаҳои ҳавоии густурда дар минтақаи Ғазза анҷом дод, ки боиси кушта ва захмӣ шудани садҳо ғайринизомӣ гардид.

Дастгоҳи матбуоти Ғазза изҳор намуд, ки беш аз 413 нафар ғайринизомӣ дар натиҷаи бомбаборони Исроил, ки минтақаҳои марказӣ, шимолӣ ва ҷанубии Ғаззаро ҳадаф қарор дод, кушта шудаанд.

Созмони дифои шаҳрвандӣ ва Вазорати тандурустии Фаластин низ таъкид карданд, ки 413 нафар, ки аксарияташон занон, кӯдакон ва пиронсолон буданд, дар натиҷаи ҳамлаҳои вазнини Исроил кушта шуданд.

Маҳмуд Басал, сухангӯи дифои шаҳрвандӣ, ба хабаргузории “Франс-пресс” гуфт, ки Исроил бештар аз 200 ҳамлаи шадиди ҳавоӣ анҷом дод.

Коршиносони телевизиони “Арабия” низ хабар доданд, ки Исроил ҳатто хонаи аҷдодии сокинон ва гурезагонро низ ҳадаф қарор додааст.

Шоҳидон таъкид кардаанд, ки бомбаборон асосан дар шимол ва маркази Ғазза  сурат гирифта, садои таркишҳо пай дар пай ба гӯш мерасад. Ғайр аз ин, бо таваҷҷуҳ ба шиддати ҳамлаҳо, гурӯҳҳои наҷот ва дифои шаҳрвандӣ барои расидан ба минтақаҳо ҳадаф қарор гирифта, бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шудаанд.

Ин дар ҳолест, Йоав Галант, вазири дифои Исроил гуфт, ки артиши ин кишвар “ба хотири раҳо накардани гаравгонҳо аз сӯйи Ҳамос ва таҳдиди ин гурӯҳ барои зиён расонидан ба сарбозони Исроил” боз ҳамлаҳои худро дар Ғазза оғоз кардааст.

Ӯ гуфт: “Агар Ҳамос ҳамаи гаравгонҳоро озод накунад, дарҳои ҷаҳаннам дар Ғазза боз хоҳанд шуд ва ҷангиён бо неруҳое рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ки қаблан надидаанд”.

Ҳамзамон, як мақомдори исроилӣ изҳор доштааст, ки ин ҳамлаҳои густурда “то вақте ки лозим бошад” идома хоҳад ёфт. Ӯ ки, нахоста номашро ифшо кунад, гуфтааст: “Артиши Исроил силсилаи ҳамлаҳои пешгирикунандаро барои ҳадаф қарор додани макон ва фармондеҳони Ҳамос оғоз кардааст.”

Ин мақоми исроилӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки амалиёт “на фақат маҳдуд ба ҳамлаҳои ҳавоӣ хоҳад буд, балки дар як шуъбаи васеъ идома хоҳад ёфт”.

Дар муқобил, ҳаракати Ҳамос Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил ва ҳукумати ӯро масъули пурра барои паёмадҳои бомбарони ҳавоии Ғазза донист. Ҳамос дар баёнияе таъкид кард, ки Исроил “муваффақияти оташбасро нақз кард ва гаравгонҳои исроилӣ дар Ғазза бо ояндаи номаълум рӯ ба рӯ шудаанд”.

Шиддати ҳамлаҳои хунин дар ҳоле афзоиш ёфт, ки музокироти охирин миёни миёнҷигарон (Миср, Қатар ва Амрико) ва тарафҳо дар Давҳа ва Қоҳира ба натиҷае барои тамдиди оташбас ё амалисозии марҳилаи дуюм нарасид.

Ҷанг, ки аз 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаҳои ҳайратангези Ҳамос ба шаҳракҳо ва пойгоҳҳои низомии Исроил дар атрофи Ғазза оғоз ёфта буд, то кунун ба куштани тахминан 48 000 фаластинӣ, ки аксарияташон занону кӯдакон будаанд, анҷомидааст. Ҳамчунин, садҳо ҳазор нафар чандин маротиба маҷбур ба тарк кардани хонаҳояшон шудаанд. Исроил гузаргоҳҳо, аз ҷумла гузаргоҳи ҳаётан муҳимми Рафаҳро бастааст, ки ин боиси афзоиши сатҳи гуруснагӣ дар ин минтақаи ҷангзада шудааст.

Бисёре аз кишварҳои арабӣ ҳамлаҳои нави Исроил ба минтақаи Ғаззаро маҳкум намуда, хоҳони оташбаси фаврӣ шуданд. Аз ҷумла, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар нишасти ҷаласаи вазирон ҳамлаҳои Исроил ба минтақаи Ғаззаро маҳкум кард. Эрон, Миср, Туркия низ ҳамлаи Исроил ба минтақаи Ғаззаро маҳкум кардаанд.

Як гурӯҳ сокинон дар дохили хоки Исроил эътироз ташкил намуда, аз сарвазир Бенямин Натаняҳу хостаанд, ки фавран ҷангро қатъ намуда, барои озодии гаравгонҳо иқдом намояд. Тибқи иттилои расонаҳо дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Ғазза як гаравгони исроилӣ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Мухолифони Бенямин Натаняҳу дар Исроил гуфтаанд, ки ӯ барои озодии гаравгонҳо иқдом намекунад ва ҳадафаш идома додани ҷанг аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.