Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Корманди ВКД дар Хатлон ба гумони гирифтани 20 ҳазор доллар боздошт шудааст
Нисбати як нафар корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон ба гумони қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин хусус, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бар асоси иттилоъ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати корманди Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон ба гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар парванди ҷиноятӣ боз кардааст. Ин корманди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародари як шаҳрванд 20 ҳазор доллар пора гирифта, корро ҳал накардааст.
Бар асоси иттилоъ, Назаров Ф.З. ба ҳайси ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон кор мекардааст.
“Бо истифода аз мақоми хидматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Х. М. даромада, аз номбурда бо баҳонаи қатъ кардан ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш М. К., ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар истеҳсоли кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт, маблағи умумии 20 ҳазор доллари ИМА-ро талаб кардааст” – хабар медиҳад Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”