Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Муҳаммад ибни Салмон аз созишномаи Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард
Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон дар маҷлиси вазирони ин кишвар аз имзо шудани созишномаи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кардааст. Ӯ дар ин маҷлис барои Тоҷикистону Қирғизистон ва миллати тоҷику қирғиз пешрафту шукуфоии пойдор орзу намудааст. Дар ин хусус, расонаҳои Арабистони Саудӣ иттилоъ доданд.
Ин мавқеи Арабистони Саудӣ дар чорчӯби пуштибонӣ аз пешбурди кӯшишҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳаллу фасли осоиштаи низоъ ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ сурат гирифтааст.
Маҷлиси Шурои вазирони Арабистони Саудӣ рӯзи 18-уми марти соли ҷорӣ бо сарварии Муҳаммад ибни Салмон, валиҳади ин кишвар баргузор шуд. Дар ин маҷлис як қатор масъалаҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Валиаҳди Арабистони Саудӣ дар ин ҷаласа ҳамлаҳои шадиди ҳавоии Исроил ба минтақаи Ғаззаро маҳкум намуда, даъват кард, ки дар ин минтақа фавран оташбас барқарор шавад.
Дар маҷлиси Шурои вазирон валиаҳди Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон кӯшишҳои Озарбойҷон ва Арабистони Саудӣ барои расидан ба тафоҳуми сиёсиро кори нек арзёбӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”