Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Доналд Трамп ва Владимир Путин ҳафтаи оянда суҳбати телефонӣ анҷом медиҳанд
Стивен Уиткофф, мушовири махсуси президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки эҳтимолан ҳафтаи оянда Доналд Трамп ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом хоҳанд дод.
“Президент Трамп мехоҳад ба ин низоъ хотима диҳад. Ва ман фикр мекунам, ки президент Владимир Зеленский низ ин хоҳишро дорад” – гуфт Стивен Уиткофф.
Стивен Уиткофф ҳамчунин, афзуд, ки ба назари ӯ Владимир Путин “фалсафаи” Доналд Трампро хуб қабул мекунад.
Қаблан, Стивен Уиткофф дар шаҳри Маскав бо Владимир Путин мулоқот карда буд. Ӯ тавзеҳ дод, ки мулоқоташ бо Владимир Путин 3-4 соатро дар бар гирифт ва бисёр мусбат буд. Ӯ таъкид кард, ки дар музокироти Русия ва ИМА дар хусуси Украина ихтилофҳо коҳиш ёфтаанд.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл расонаҳо иттилоъ доданд, Русия оташбаси 30-рӯзаро бо пазируфта шудани шартҳояш қабул кардааст. Ҷониби Русия гуфтааст, ки қабули оташбаси 30 рӯза бар ивази дастёбӣ ба сулҳи доимӣ бояд барқарор шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”