Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Зани афғонистонӣ: “Толибон дар зиндон танамро урён карда, навор гирифтанд”
Нодия Содот, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон, ки ба хотири эътироз чанд муддат дар зиндони Толибон будааст, мегӯяд, ин гурӯҳи террористӣ дар зиндон танашро урён карда, аксу навор гирифтаанд.
Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки Толибон дар зиндон ба ӯ бадтарин тавҳину таҳқирро раво дида, корҳои ғайриахлоқӣ низ кардаанд.
Ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон ба хотири эътирозаш бар зидди баста шудани мактабҳо ва омӯзиши занон аз сӯйи Толибон муддате зиндонӣ шудааст. Нодия Содот гуфтааст, ки маъмурони зиндони Толибон ба озори ҷинсии ӯ дар зиндон даст задаанд. Ӯ бо зикри ин ки “Толибон аз инсоният дур ҳастанд” гуфт, ки ин гурӯҳи террористӣ зиндониёнро бераҳмона шиканҷа мекунанд ва занони боздоштшуда, мавриди озору азият қарор мегиранд.
Нодия Содот, ки чанд муддате дар зиндони Толибон будааст, мегӯяд бо пардохти маблағ аз зиндон озод шуд ва ҳоло саломатиаш хуб нест. Ӯ фош кард, ки яке аз мақомоти баландпояи гурӯҳи террористии Толибон аз ӯ хостгорӣ ҳам кардааст. Ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, ки Афғонистон ба ҷаҳаннам табдил ёфтааст ва даъвоҳои Толибон да хусуси таъмини амнияту ҳифзи мардум бо амалкарди онҳо мувофиқат намекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”