Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Арабистони Саудӣ мехоҳад аз ҳамлаи Амрико ба Эрон пешгирӣ кунад
Дар авҷи шиддатгирии ихтилофҳо Арабистони Саудӣ ва чанд кишвари ҳошияи Халиҷи Форс дар талоши онанд, ки аз ҳамлаи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хоки Эрон пешгирӣ кунанд. Дар ин хусус рӯзи якшанбе рӯзномаи исроилии “Ҳааретс” хабар додааст.
Рӯзнома навиштааст, ки кишварҳои зикршуда ба далели нигарониҳои иқтисодӣ ва тарс аз аксуламали Ҷумҳурии Исломии Эрон мухолифи густариши ҷанг дар минтақа мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Доналд Трамп бо судури фармони ҳамла ба ҳусиҳои Яман ба Эрон ҳушдор дод, ки дар сурати “идомаи ҳимоят аз ин гурӯҳи террористӣ, рафтори Амрико номеҳрубонона хоҳад буд”.
Дар пайи ҳушдори Доналд Трамп вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидаббос Ироқчӣ гуфт, ки Эрон мустақил аст ва аз касе дастур нахоҳад гирифт. Ҳамчунин, дар пайи таҳдидҳои президенти ИМА мақомоти эронӣ ҳушдор доданд, ки ҳар гуна амалиёти низомӣ бар зидди Эрон паёмадҳои густурдае дар минтақа хоҳад дошт.
Шабакаи телевизионии “СНН” низ қаблан гузориш дода буд, ки Арабистони Саудӣ барои миёнҷигарӣ ва кумак барои дастёбӣ ба созишномаи нави миёни Амрико ва Эрон дар бораи барномаи атомӣ омода аст.
Неруҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як рӯз қабл, рӯзи шанбе амалиёти густурдаи низомиро бар зидди ҳусиҳои Яман оғоз намуданд. Дар вокуниш дар ҳамлаи низомии ИМА гурӯҳи ҳусиҳои Яман ҳушдор доданд, ки посухи қотеъ ба ин ҳамла хоҳанд дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”