Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар Тоҷикистон боз арзиши истифодаи неруи барқ боло рафт
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури як фармон қарор кардааст, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ пардохти нархи барқ зиёд карда шавад. Рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” қарори мазкурро нашр кардааст.
Бар асоси қарори нави Ҳукумат аз 1-уми апрели соли 2025 нархи истифодаи неруи барқ барои аҳолӣ 35,6 дирам барои ҳар як киловат соат муқаррар мешавад. Арзиши нархи барқ барои корхонаҳои истеҳсолӣ бошад барои ҳар як киловат соат 80,90 дирам таъйин шудааст.
Қаблан нархи истифодаи барқ барои аҳолӣ 30,75 дирам ва барои корхона 70, 35 дирам муқаррар шуда буд. Моҳи январи соли 2024 низ нархи истифодаи неруи барқ зиёд шуда буд. Болоравии нархи истифодаи неруи барқ дар тайи чанд соли ахир мушоҳида мешавад. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бо истифода аз захираҳои фаровони об арзонтарин неруи барқро дар минтақа истеҳсол мекунад. Тоҷикистон ба хориҷи кишвар низ дар се фасли сол барқ содир мекунад. Муштариёни асосии барқи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”