Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Антонио Гутерриш: “Нафрат ва таассуб бар зидди мусалмонон афзоиш ёфтааст”
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба муносибати 15-уми март - Рӯзи мубориза бар зидди исломҳаросӣ ҳушдор дод, ки таассуб ва нафратангезӣ бар зидди мусалмонон дар тамоми ҷаҳон ба таври ташвишовар афзоиш ёфтааст.
Антонио Гутерриш аз давлатҳо даъват кард, ки озодии ақидаро ҳифз карда, бо суханҳои нафратангез дар интернет мубориза баранд. Ӯ, ҳамчунин, иқдомҳои зидди исломҳаросӣ, аз ҷумла таъин кардани намояндаи махсусуси Созмони Милали Муттаҳид барои муқобила бо ин падидаро зарур шуморид.
Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2022 бо пуштибонии 60 кишвари узви Созмони Ҳамкории Исломӣ қатъномае қабул кард, ки бар асоси он 14-15-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди исломҳаросӣ номгузорӣ шудааст.
Қатъномаи мазкур ба зарурати мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез таъкид мекунад ва зикр менамояд, ки набояд нисбат ба ҳеч дин, тамаддун ё гурӯҳи этникӣ бо хушунат рафтор шавад. Ҳамчунин, қатънома ба аҳамияти гуфтугӯи ҷаҳонӣ барои густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ, сулҳ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва қабули гуногунии динӣ ва эътиқодӣ таъкид менамояд.
Бар асоси эътирофи Созмони Милали Муттаҳид “исломҳаросӣ ба маънии тарс, таассуб ва нафрат нисбат ба мусалмонҳост, ки боиси таҳрик, душманӣ ва таҳаммулнопазирӣ ба воситаи таҳдид, озор, суйистифода ва тарсонидани мусалмонҳо ва ғайримусалмонҳо ҳам дар фазои маҷозӣ ва ҳам дар воқеият мешавад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”