27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
17.03.2025 10:01

Табъиз бар зидди тоҷикон. Толибон аризаҳои тоҷиконро пора мекунанд ва ба кор намегиранд

Намояндаи ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дар вилояти Бомиён, ки бо фасоду зулм бар зидди мардум шуҳрат ёфтааст, сиёсатҳои табъизомезро бар алайҳи ақвоми дигар, бахусус тоҷикон дар ин минтақа пеш гирифтааст.

Расонаҳои афғонистонӣ бо такя ба сарчашмаҳои худ дар вилояти Бомиён навиштаанд, ки раиси таъинкардаи Толибон дар вилояти мазкур аризаҳои пешниҳоднамудаи тоҷикон барои корро пора намуда ва монеи фаъолияти кории онҳо дар идораҳои давлатӣ мешавад.

Тибқи гузориш Абдуллоҳ Сарҳадӣ, раиси вилояти Бомиён амалан роҳро ба рӯйи тоҷикони Бомиён баста ва онҳоро аз ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ маҳрум кардааст. Сокинони вилоят гуфтаанд, ки раиси вилояти Бомиён зимни дархости кор тоҷиконро таҳқир намуда, ошкоро эълон кардааст, ки онҳо дар ҳукумати Толибон ҷое надоранд. Ӯ вазифа ва корҳои муҳимро ба афроди мавриди эътимоди худ, аксаран паштунҳо вогузор намудааст.

Сокинони Бомиёни Афғонистон, бахусус тоҷикон аз ин вазъият бисёр норозӣ мебошанд. Бузургони қавми тоҷик ҳушдор додаанд, ки идомаи чунин вазъият боиси ба вуҷуд омадани эътирозҳои густурдаи мардумӣ мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.