27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
15.03.2025 14:38

Ҷашни 1155-солагии Имом Мотрудӣ. Ӯзбекистон мақбараи Имом Мотрудиро бозсозӣ мекунад

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дастур дод, ки 1155 – солагии зодрӯзи донишманд ва фақеҳи бузурги Ислом, шогирди Имом Абуҳанифа бошукӯҳ таҷлил карда шавад.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур дод, ки ба муносибати солҷашни Имом Мотрудӣ мақбара ва маҷмааи ӯ бозсозӣ шавад.

Ба муносибати солҷашни донишманд ва фақеҳи олами ислом Имом Мотрудӣ ҳукумати Ӯзбекистон чорабиниҳои мухталиферо барои омӯзиши асарҳои дастнависи ӯ дар хориҷ аз кишвар дар назар гирифтааст. Ҳамчунин, дар вилояти Самарқанд – зодгоҳи фақеҳи номии ислом Имом Мотрудӣ намоиши нодиртарин дастнависҳо баргузор мегардад.

Дар доираи бузургдошти Имом Мотрудӣ дар саросари Ӯзбекистон озмуни корҳои илмӣ ва конфронсҳо баргузор мегардад. Ҳамчунин, тарҷумаи академии осори Имом Мотрудӣ таҳия шуда, доир ба рӯзгори ӯ филми ҳуҷҷатӣ сохта мешавад.

Кумитаи тадорукот вазифадор гардидааст, ки дар муддати ду ҳафта барномаи чорабиниҳоро омода намояд. Дар ин хусус, дар қарори президенти Ӯзбекистон махсус таъкид шудааст.

Имом Мотрудӣ яке аз шогирдони номвари Имом Абуҳанифа аст, ки қисми зиёди мусалмонони Осиёи Марказӣ бар асоси фармудаҳои ӯ ба аркони ислом амал мекунанд. Таълимоти “Мотрудия” принсипҳои саховатмандӣ ва эътидолро тарғиб мекунад ва ҷавононро дар руҳияи муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия менамояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.