Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Конфронси ҳифзи Паланги барфӣ бо иштироки Тоҷикистон дар Қазон баргузор шуд
Конфронси байналмилалии “Омӯзиш ва ҳифзи Паланги барфӣ дар ҷаҳон” дар шаҳри Қазони Русия бо иштироки намояндагони 12 кишвар, ки дар онҳо паланги барфӣ сукунад дорад, баргузор гардид.
Тибқи иттилои ТАСС дар ин нишаст намояндагони Покистон, Бутан, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Непал, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд. Гуфта мешавад, ки ин форуми байналмилалӣ тӯли се рӯз мушкилот ва дурнамои ҳифзи паланги барфиро баррасӣ хоҳад кард.
Конфронси мазкур аз ҷониби Вазорати захираҳои табиии Русия, Ҷумҳурии Тотористон ва Иттиҳодияи “Ирбис” таҳти унвони “Омӯзиш ва ҳифзи паланги барфӣ дар ҷаҳон: ҳамкории муштарак” баргузор шудааст.
Хабаргузории ТАСС хабар дод, ки ҳамзамон бо баргузории конфронс Покистон як паланги барфии модина ва кӯдаки онро ба боғи ҳайвоноти Маскав интиқол медиҳад.
Бар асоси омор шумораи палангҳои барфӣ дар Русия то соли 2023 ба 150 адад мерасад. Шумораи ҳозираи онҳо дар Русия 90 сар эълон шудааст, ки камтар аз ду дарсади теъдоди умумии ин навъи гурбаи фаҳшӣ аст.
Дар Тоҷикистон “Паланги Барфӣ” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунад ва ба рӯйхати ҳайвоноти муҳофизатшаванда дар Китоби сурхи Тоҷикистон қарор дошта, шикори он манъ шудааст.
Бояд гуфт, бархе кишварҳое, ки зодгоҳи паланги барфӣ ба шумор мераванд, дар талоши ҳифз ва зиёд кардани саршумори он ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”