Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Содир Ҷабборов: “Кишварҳои Осиёи Миёна визаи ягона ба мисли Шенген ҷорӣ кунанд”
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки кишварҳои Осиёи Миёна раванди ҷорӣ кардани раводиди ягона барои шаҳрвандони хориҷиро ба роҳ монанд.
Содир Ҷабборов дар шабакаи иҷтимоӣ оид ба шарҳи шартномаи имзошуда бо Тоҷикистон дар хусуси сарҳади давлатӣ низоми раводиди ягонаро пешниҳод намуд. Ӯ бо ишора ба ин ки ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна мушкилоти сарҳади давлатии худро ҳал кардаанд, навишт: “Ҳоло кишварҳои Осиёи Миёна бояд раванди ҷорӣ кардани низоми бидуни раводидро байни худ оғоз кунанд”.
Содир Ҷабборов гуфт, ки созишномаи сарҳадии имзошуда миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 19 -уми март барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод мешавад. Ӯ ишора кард, ки то ба анҷом расидани раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ҳама ҷузъиётро ифшо накард, то раванд халалдор нашавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад