Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тамҷиди В. Матвиенко аз Эмомалӣ Раҳмон: “Шуморо чун сиёсатмадори оқил ва дурандеш мешиносам”
Раиси Шурои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо нашри баёния раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзии боварибахши Ҳизб дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, саҳми ӯро дар таҳкими давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъкид кард. Дар ин хусус хабаргузории “ТАСС” хабар додааст.
“Ин натиҷаи тасдиқи рӯшани эътимоди баланд ва пуштибонии васеи шаҳрвандон буда, гувоҳӣ аз эътирофи саҳми бузурги Шумо дар таҳкими давлатдорӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Итминон дорам, ки таҳти роҳбарии Шумо Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон татбиқи барномаҳои муҳим оид ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва беҳбуди зиндагии шаҳрвандонро бо муваффақият идома хоҳад дод”- таъкид кардааст Валентина Матвиенко.
Валентина Матвиенко ҳамчунин, таъкид кардааст, ки сенаторони рус дипломатияи парлумониро қадр мекунанд ва омодаанд барои густариши робитаҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамаи кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.
“Шуморо солҳо боз ҳамчун як сиёсатмадори оқил ва дурбин мешиносам, ки пайваста манфиатҳои миллии кишвари худро ҳимоя мекунед. Ман аз бетараф набудани Шумо нисбат ба сарнавишти мардумамон эҳтиром дорам” – гуфтааст Валентина Матвиенко.
Бар асоси омори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Ҳизби халқӣ-демократӣ 78% курсиҳои парлумон, аз 63 курсӣ 49 курсиро соҳиб шуд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-уми март баргузор шуд ва бар асоси омор иштироки интихобкунандагон 85,3-ро ташкил дод.
Эмомалӣ Раҳмон 6-уми март фармонеро имзо кард, ки бар асоси он ҷаласаи нахустини даъвати нави палатаи поёнии парлумон рӯзи 19 –уми март баргузор хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”