Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
«Барномасозӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Робототехника»... Форуми наврасону ҷавонон дар Душанбе
Маркази таҳлилӣ - иттилоотии назди Cарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки моҳи апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» форум баргузор мегардад.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки Форум аз рӯйи номинатсияҳо «Барномасозӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ», «Робототехника» ва «Бозори электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» доир мегардад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки иштирокчиёни Форум бояд якчанд талаботро, аз ҷумла аз довталабони номинатсияи барномасозӣ иҷрои бенуқсони лоиҳа, эҷодкорӣ ва мураккабии техникӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ (readme) талаб карда мешавад. Барои иштирокчиёни номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ягонагии идея, манфиатҳои иҷтимоӣ ва пешрафти технологӣ аҳамият дорад.
Мувофиқи хабарнома ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мешаванд.
Бояд гуфт, ки довталабон то 5-уми апрел лоиҳаҳои худро ба Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”