Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 14-16-уми март парвози озмоишӣ анҷом медиҳанд
Рӯзи 14-уми март аввалин парвози мустақими ширкати ҳавоии “Сомон-эйр” аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Бишкек бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ВАО ва сиёсатмадорон парвоз мекунад. Дар ин хусус, Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва майдони ҳавоии Қирғизистон хабар медиҳанд.
Аз ҷониби Қирғизистон аввалин парвози озмоишии ҳавопаймо рӯзи 16-уми март аз шаҳри Бишкек ба самти шаҳри Хуҷанд анҷом дода мешавад.
Тибқи иттилои ширкати ҳавоии “Сомон-эйр” парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар аз 23-уми март оғоз ёфта, ҳафтае як маротиба, дар рӯзи якшанбе анҷом дода мешавад.
Гуфта мешавад, ки нахустин парвози озмоишӣ аз Душанбе соати 10:30 ва аз Бишкек – соати 14:20 анҷом дода мешавад.
Қабл аз ин Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфта буд, ки парвозҳои мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 14-уми март аз сар гирифта хоҳад шуд. Ӯ таъкид карда буд, ки парвозҳо дар масирҳои Душанбе-Бишкек ва Бишкек-Душанбе ба нақша гирифта шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”