Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Фаронса дар шаҳри Тошканд хатҳои нави трамвай месозад
Санадҳои сохтмони Хатҳои нави трамвай дар шаҳри Тошканд дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Фаронса ба имзо расид.
Шароф Раҳмонов, муовини ҳокими Тошканд ва Лоран Сен-Мартен, вазири ваколатдори Фаронса оид ба тиҷорати хориҷӣ ва умури шаҳрвандони бурунмарзӣ барои оғози кори сохтмони хати нави трамвай санади ҳамкориро имзо намуданд.
Тибқи иттилоъ, сохтмони хатҳои трамвайро ширкати фаронсавии Alstom анҷом медиҳад. Гуфта мешавад, ки яке аз масирҳои эҳтимолии хатҳои нави трамвай пайваст шудан ба шаҳри Тошканди нав хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Ӯзбекистон дар соли 2022 зарурати бозгашти трамвай ба пойтахти Ӯзбекистонро дар доираи барномаи “Менича” пешниҳод карда буд. Сарвари Ӯзбекистон дар муддати кӯтоҳ ин ташаббусро пуштибонӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”