27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
14.03.2025 08:09

Довуд Ноҷӣ: “Барномаҳои СММ боиси таҳкими бештари ҳукумати Толибон шудааст”

Раиси Кумитаи умури сиёсӣ ва робитаҳои оммавии Ҷабҳаи озодии Афғонистон Довуд Ноҷӣ гуфт, барномаҳои Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кумак ба Афғонистон (UNAMA) ва бархе созмонҳои хориҷӣ бештар ба таҳкими ҳукумати роҳбари Толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ меанҷомад.

Ӯ гуфтааст, ки аз ибтидо маълум буд, ки муомила бо гурӯҳи Толибон роҳи нодуруст аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, минтақа ва Афғонистонро ба ҳадаф намерасонад. Ба гуфтаи ӯ, ЮНАМА (UNAMA) бештар иқдомҳое анҷом медиҳад, ки ба манфиати Толибон аст. 

Довуд Ноҷӣ чанде қабл дар шабакаи иҷтимоии “Х” дар вокуниш ба раиси ЮНАМА дар Афғонистон Роза Отунбоева навишт: “Мутаассифона, дар он замон гӯши шунаво вуҷуд надошт ва илова бар он ки фурсати зиёде аз даст рафт, сиёсати “системаи норӯшан ва бемор” –и ЮНАМА ва ҷаҳон боиси тақвияти Мулло Ҳайбатуллоҳ ва таҳкими бештари ӯ шуд”.

Ӯ таъкид кард, ки ЮНАМА ва СММ бештар ба дунболи муомилаи ҷаҳон бо гурӯҳи Толибон буд, дар ин роҳ кӯшиш кард ва то ҳол ба натиҷаи мавриди назараш нарасидааст.

Ӯ бо ишора ба изҳороти ахири роҳбари ЮНАМА Роза Отунбоева гуфт, ҳоло замони он расидааст, ки бархе кишварҳои минтақа низ ба ин воқеият эътироф кунанд.

“Эътироф бояд пеш аз он сурат гирад, ки “аждаҳои терроризм” заҳри марговари худро ба тамоми минтақа наафканад”- гуфтааст Довуд Ноҷӣ.

Вокуниши фаъоли сиёсии Афғонистон Довуд Ноҷӣ дар пайи суханронии Роза Отунбоева дар нишасти ахири Шурои Амнияти СММ сурат мегирад. Роза Отунбоева дар нишасти мазкур гуфт, ки “муомилаҳои сиёсӣ бо гурӯҳи Толибон то ҳол натиҷа надодааст ва фазои муомила бо ин гурӯҳ маҳдудтар мешавад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.