Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро ба муддати 6 моҳ қатъ кард
Мақомоти Қазоқистон дар доираи созишнома ва қарори Опек+ аз 25-уми марти соли 2025 содироти баъзе маҳсулоти нафтиашро ба хориҷи кишвар ба муддати 6 моҳ манъ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории «Казинформ» навишт, содироти ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ба дигар кишварҳо ба таври “пинҳонӣ” идома дорад ва ҳаҷми он ҳар моҳ тағйир меёбад. Бар асоси гузоришҳо, содироти ғайрирасмии маҳсулоти нафтии Қазоқистон дар давоми як моҳ аз 10 ҳазор тонна то ба 45 ҳазор тонна аст.
Тибқи иттилоъ, дар дохили Қазоқистон масрафи бензин ва дизел ба таври ғайримаъмулӣ афзоиш ёфтааст, ки он боиси фишор ба захираҳои дохилӣ ва нигарониҳо дар мавриди таъмини сӯзишвории зарурӣ барои нақлиёт ва дигар бахшҳои иқтисоди кишвар шудааст.
Таъкид мешавад, ки Қазоқистон дар доираи созишномаи ОПЕК+ ба коҳиши истеҳсоли нафт дар сатҳи ҷаҳон пойбанд аст.
Мақомоти Қазоқистон таъкид кардаанд, ки барои иҷрои уҳдадориҳои ин кишвар дар заминаи коҳиши истеҳсоли нафт тамоми чораҳои заруриро андешидаанд ва ҳамроҳ бо дигар кишварҳои ОПЕК+ ба идомаи сиёсати коҳиши истеҳсоли нафт то соли оянда мувофиқат кардаанд.
Мақомоти Қазоқистон таъкид кардаанд, манъ кардани содироти нафти Қазоқистон ба муддати 6 моҳ як иқдоми муҳимме барои идоракунии бозори дохилӣ ва коҳиши қочоқи сӯзишворӣ аст.
Ин иқдом дар доираи уҳдадориҳои Қазоқистон дар робита ба созишномаи Опек + гирифта шуда, ба назар мерасад, ки ин сиёсатҳо ба суботи бештари бозори нафти Қазоқистон ва таъмини устувори сӯзишворӣ дар дохили ин кишвар мусоидат мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”