27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
13.03.2025 16:29

“Маҳрум кардани фаластиниён аз маводи ғизоӣ ҷинояти ҷангӣ аст”

Майкл Фахрӣ, гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар умури озуқаворӣ гуфт, ки маҳрум кардани фаластиниҳо аз кумакҳои башардӯстона аз сӯйи Исроил идомаи ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят бар зидди башарият аст.

Гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ таъкид кардааст, масъулони исроилие, ки дар ҷинояти гурусна нигоҳ доштани фаластиниён дар минтақаи Ғазза ва содир кардани ҷиноятҳои дигари ҷангӣ даст доранд, бояд ҷазо гиранд.

Дар идомаи сиёсати саркӯбгаронаи Исроил бар зидди мардуми Фаластин, Бенямин Натанёҳу, сарвазири ин кишвар дастури қатъи комили кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ва бастани тамоми гузаргоҳҳои ин минтақаро содир кард.

Ин иқдом барои шиддат бахшидан ба блокадаи минтақаи Ғазза сурат мегирад, ки боиси бадтар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа гардидааст.

Бастани гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла гузаргоҳҳои Карм Абу Салим ва Рафаҳ, ки роҳҳои асосии ворид кардани маводи ғизоӣ, доруворӣ ва сӯзишворӣ дар Ғазза аст, боиси камбуди шадиди ниёзҳои аввалия дар ин минтақа шудааст.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ва кумакрасон борҳо ҳушдор додаанд, ки иқдомҳои Исроил сокинони Ғаззаро дар остонаи қаҳтӣ қарор дода, дастрасии онҳоро ба ниёзҳои асосӣ аз байн бурдааст.

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.