27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
13.03.2025 09:41

Идомаи “Парвандаи пиджакҳо”. Михаил Саакашвили ба 9 сол зиндон маҳкум шуд

Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвили барои сарф кардани маблағҳои буҷетӣ аз сӯйи додгоҳи шаҳри Тифлис ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Тибқи қарори додгоҳ Михаил Саакашвили барои сарфи 3 миллион доллар маблағҳои буҷет ба ҳабс маҳкум шуда, то 3 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ маҳрум гардид.

Дар парвандаи мазкур, ки бо номи “парвандаи пиджакҳо” маъруф аст, собиқ раиси Хадомоти махсуси муҳофизат Теймураз Ҷанашия низ гумонбар дониста шуд ва ба ӯ 300 ҳазор лари гурҷӣ ҷарима таъйин карда шуд.

Тибқи иттилои расонаҳо, муттаҳам кардани президенти пешини Гурҷистон  Михаил Саакашвили ҳанӯз соли 2014 эълон шуда буд. Прокуратура ӯро ба исрофи зиёда аз 8,8 миллион лари (3 миллион доллар) аз моҳи сентябри соли 2009 то феврали соли 2013 гумонбар медонад.

Муфаттишон гуфтаанд, ки ин маблағ барои истироҳати ӯ дар меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо, ташриф ба клиникаҳои косметологӣ ва хариди либос сарф шудааст. Дар парванда хариди 7 пиджак ва як палтои варзишии пашмин аз Лондон ба маблағи 28,6 ҳазор доллар, 2 костюми дастӣ ба маблағи 4600 доллар зикр шудааст.

Михаил Саакашвили аз 1-уми октябри соли 2021 дар зиндон қарор дорад. Ҳукми нави додгоҳ аз ҳамон сана ҳисоб мешавад. Ҳоло бар зидди ӯ парвандаҳои дигар, аз ҷумла пароканда кардани эътирози мухолифин дар 7-уми октябри соли 2007 ва убури ғайриқонунии сарҳад дар тафтишот идома доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.