Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Ҳайати Қошғар мехоҳанд дар Тоҷикистон корхонаи муштарак созанд
Ҳайате аз мақомоти шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Душанбе омада, бо мақомоти Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъсис додани корхонаи муштараки коркарди захираҳои маъдан гуфтугӯ намудаанд.
Тибқи иттилоъ, ҳайати мақомоти шаҳри Қошғари Чин бо муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва коркарди захираҳои маъданро баррасӣ кардаанд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот дар бораи истифодаи сарчашмаҳои таҷдидшаванда ва рушд додани имконоти логистикӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ суҳбат намудаанд.
“Ҷонибҳо рушди ҳамкории стратегии Тоҷикистон ва Чинро мусбат арзёбӣ намуда, масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, энергетика ва инфрасохтори нақлиётиро мавриди баррасӣ қарор додаанд”- менависад хабаргузории “Ховар”.
Тоҷикистону Чин дар бахши сармоягузорӣ дар соҳаи коркарди захираҳои маъдан таҷрибаи зиёди ҳамкорӣ доранд. Ҳоло чиниҳо чандин корхонаи коркарди захираҳои маъданро дар минтақаҳои Тоҷикистон идора мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”