Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Табибони Марадона ба гумони даст доштан дар марги ӯ суд мешаванд
Расонаҳо хабар доданд, ки 7 нафар узви гурӯҳи тиббие, ки Диего Армандо Марадона – ситораи маъруфи футболи ҷаҳонро табобат мекарданд, ба гумони саҳлангорӣ дар табобат дар суд муҳокима хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ки ин 7 нафар дар рӯзҳои охири ҳаёташ, ситораи машҳури футбол – Диего Марадонаро нигоҳубин мекарданд.
Нахустин муҳокимаи судии 7 нафар пизишки муттаҳам дар ҳафтаи ҷорӣ дар Буэнос-Айрес, пойтахти Аргентина оғоз мешавад.
Гуфта мешавад, ки беш аз 100 нафар, аз ҷумла аъзои оилаи Диего Марадона ва табибоне, ки дар давраҳои мухталиф ӯро табобат кардаанд, ҳамчун шоҳид дар суд шаҳодат хоҳанд дод. Муҳокима то тобистони соли ҷорӣ идома меёбад.
7 нафар ба он гумонбар ҳастанд, ки дар вақти табобати Диего Марадона қарорҳое қабул кардаанд, ки боиси марги ӯ шудааст. Мақомоти Аргентина қаблан низ гуфта буданд, ки дар табобати ӯ табибон саҳлангорӣ кардаанд. Дар сурати исботи ин иттиҳом, гумонбарон аз 8 то 25 сол зиндонӣ хоҳанд шуд.
Диего Марадона, ки солҳои тӯлонӣ бо таъсири манфии истеъмоли кокаин ва машрубот мубориза мебурд, моҳи ноябри соли 2020 дар синни 60-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ қаблан бинобар сабаби пайдо шудани лахтаи хун дар мағзи сар, ҷарроҳии мағзи сарро пушти сар гузошта буд. Марги ӯ дар вақти хуруҷи бемории Ковид-19 рӯй дода буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”