Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Тоҷир"-и гурда дар Полша боздошт шуд. “Изи” ӯ дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида шудааст
Як узви гурӯҳи ҷиноятпеша, ки дар бархе кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба тиҷорати узви бадани инсон машғул буд, дар Лаҳистон (Полша) боздошт шудааст.
Мақомоти марзбонии Лаҳистон чанде қабл як зани 35-солаи украинӣ ба номи Ксения П.-ро боздошт карданд. Ин ҳодиса дар гузаргоҳи роҳи оҳани миёни Лаҳистон ва Украина рӯй додааст. Гумонбаршуда тибқи дархости Интерпол, ки нисбати ӯ, “огоҳиномаи сурх” содир карда буд, боздошт гардидааст.
Ба гуфтаи Марта Петковска, намояндаи прокуратураи шаҳри Пшемисли Лаҳистон ин зан дар Қазоқистон қаблан суд шудааст, ки бояд дар он ҷо ба 12 сол зиндонӣ мешудааст. Ӯ дар гурӯҳи ҷиноятие иштирок дошт, ки ба тиҷорати узви бадани инсон машғул буд.
Ксения П. ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2020 мавриди таваҷҷуҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошт, зеро Интерпол ӯро дар кофтукови байналмилалӣ қарор дода буд. Тибқи иттилоъ, дар солҳои 2017-2019 ӯ ба гурӯҳи ҷиноятие вобаста буд, ки ғайриқонунӣ узв ва бофтаҳои инсонро гирифта, савдо мекарданд. Фаъолияти асосии онҳо фурӯши узв бо мақсади дарёфти маблағ буд.
Ин гурӯҳи ҷиноятӣ на фақат дар Қазоқистон, балки дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Арманистон, Озарбойҷон, Украина, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ҳатто Тайланд фаъолият мекард.
Гуфта мешавад, ки ин зан дар муомилоте ширкат кардааст, ки дар он гурдаи 56 нафар гирифта ва тиҷорат шудааст. Ӯро маҳз ба хотири содир намудани чунин ҷиноят боздошт кардаанд.
Прокуратураи Лаҳистон то ҳанӯз ҷузъиёти боздошти ӯро дар марз ба таври муфассал гузориш надодааст. Танҳо гуфта шудааст, ки ӯ қаблан аз сӯйи Суди Олии Қазоқистон барои тиҷорати узви бадани инсон ва узвият дар гурӯҳҳои ҷиноятӣ маҳкум шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”