27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
12.03.2025 10:11

Фоҷеаи гуруснагӣ дар Ғазза. 90 фоизи мардум аз об маҳруманд

Созмонҳои байналмилалӣ нигаронӣ мекунанд, ки дар блокада қарор додани Ғазза аз сӯйи Исроил метавонад боиси фоҷеаи инсонӣ ва ташнагии беш аз 90 фоизи мардуми минтақаи Ғазза шавад. Ин созмонҳо гуфтаанд, 90 фоизи аҳолии Ғазза ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.

Тайи 10 рӯзи ахир Исроил блокадаи Ғаззаро сахттар кардааст ва иҷоза намедиҳад, ки кумакҳои башардӯстона вориди ин минтақа шавад. Дар пайи ин иқдоми Исроил созмонҳои байналмилалӣ вазъияти Ғаззаро бисёр нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд.

Филипп Лазарини, комиссари кулли Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид барои ёрӣ ба гурезаҳои Фаластин (UNRWA) эълон кард, ки пас аз 10 рӯзи манъи расонидани кумакҳои башардӯстона ва имконоти асосӣ аз сӯйи Исроил, вазъият дар ин минтақа ба ҳолати моҳи октябри соли 2023 монанд шудааст. Ӯ гуфтааст, ки тасмими блокадаи Ғазза ҷони ҳазорон ғайринизомиро дар зери хатар қарор медиҳад.

Филипп Лазарини дар нишасти хабарӣ дар Женава амалкарди душманонаи Исроил бар зидди UNRWA – ро маҳкум намуд ва гуфт, ин тасмими Исроил на танҳо ба UNRWA, балки бар ҳар созмоне, ки аз ҳуқуқи фаластиниҳо дифоъ мекунад, рабт дорад. Ӯ гуфт, пас аз мамнуъ шудани фаъолияти UNRWA фишорҳо барои холӣ намудани биноҳои оҷонсӣ ва қатъи хидматрасонӣ ба фаластиниҳоро афзоиш додааст ва кормандони байналмилалӣ амалан аз Каронаи Бохтарӣ  хориҷ шудаанд. Намояндаи созмони UNRWA гуфт, ки ҳанӯз баъзе аз кормандони байналмилалӣ дар Ғазза боқӣ мондаанд, вале Исроил ба онҳо иҷозати фаъолият намедиҳад.

Филипп Лазарини таъкид намудааст, ки ҳамлаҳои неруҳои Исроил ба ин минтақа, ки аз 6 ҳафта пеш оғоз шудааст, зиндагии фаластиниёнро ба таври ҷиддӣ таҳти таъсир қарор додааст. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 40 ҳазор фаластинӣ овора шудаанд, ки ин бузургтарин оворашавии фаластиниён дар Каронаи Ғарбӣ аз соли 1967 то ба имрӯз аст.

Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки ба гуфтаи Хазинаи байналмилалии кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) буҳрони норасоии об дар Ғазза ба сатҳи хатарнок расидааст. Бар асоси гузоришҳо танҳо қисми кам метавонанд ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо кунад ва 90 фоиз аз оби ошомиданӣ маҳрум мебошанд. Розалия Полин, масъули ЮНИСЕФ гуфт, ки моҳи ноябри соли 2024, баъди як давраи тӯлонӣ 600 ҳазор нафар дар Ғазза тавонистанд ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо кунанд, ки дубора об қатъ шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.