Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Филми 100 млн долларии “Муовия” дар кишварҳои исломӣ “ҷанҷол” барпо кард
Силсилафилми “Муовия”, ки дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти Муовия - асосгузори Хилофати Уммавиён гирифта шудааст, дар бархе кишварҳои исломӣ “ҷанҷол” барпо кард ва онҳо тарҷума ва намоиши сериали мазкурро мамнуъ карданд.
Сериали “Муовия” дар хусуси яке аз чеҳраҳои таърихи Ислом Муовия бини Абусӯфиён аст. Барои сохтани ин силсилафилм Арабистони Саудӣ 100 миллион доллар харҷ кардааст. Гуфта мешавад, ки ин сериал яке аз серхароҷоттарин филмҳо дар таърихи синамои араб аст.
Бархе кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Миср, Ироқ тарҷума ва намоиши филми мазкурро ба далели “барангехтани” кинаву адовати маҳзабиву қавмӣ манъ кардаанд.
Сериал аз сӯйи телевизиони арабии “НБС” дар Тунис таҳия ва наворбардорӣ шудааст. Дар он коргардон ва ҳунарпешаҳои машҳур аз кишварҳои араб ва Аврупо ширкат намудаанд.
Мақомоти Миср намоиши филми мазкурро бар хилофи ваҳдати ҷомеаи мисрӣ унвон карда, гуфтаанд, ки барои пешгирӣ аз низоъҳои қавмӣ намоиши онро манъ кардаанд.
Вазорати фарҳанг ва иршоди Эрон бо пахши баёнияе ҳушдор додааст, ки тарҷума ва пахши сериали “Муовия” пайгарди қонунӣ дар пай хоҳад дошт. Эрон муҳтавои филмро бар хилофи ҳақиқати таърихӣ дониста, таъкид кардааст, ки он як василаи барангехтани низоъ дар миёни ақвом аст.
Ироқ низ ба далели муҳтавои низоъбарагез доштани филм намоиши сериалро манъ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”