Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Cуғд системаи сабти электронии таваллуд ва фавт роҳандозӣ шуд
Дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи сабти электронии таваллуд ва марг бо мақсади автоматӣ кардани ҳисобот ва омори дақиқ роҳандозӣ шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъ, дар таваллудхонаҳои шаҳрӣ ва минтақаҳои Хуҷанд, дар муассисаҳои тиббии Бӯстон, Гулистон ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен семинари омӯзишӣ барои фарогирии системаи нав баргузор гардид. Дар семинар масъулони сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ қарор доштанд.
“Сабти электронӣ барои таваллуд ва марг имкон медиҳад, ки дақиқ будани ҳисоботи демографӣ зиёд шуда, дастрасии маълумот дар бораи вазъи саломатии аҳолӣ осонтар гардад ва як пойгоҳи иттилоот таъсис дода шавад, ки он барои ҳадафҳои оморӣ ва идорӣ истифода хоҳад шуд” – таъкид намудааст Вазорат.
Системаи мазкур ҳамкориро барои автоматикунонӣ миёни муассисаҳои тиббӣ, мақомоти САҲШ (ЗАГС) ва дигар сохторҳои давлатӣ таъмин хоҳад кард, ки раванди омода намудани ҳуҷҷатҳоро суръат бахшида, сифати хизматрасониҳои давлатиро беҳтар менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”