27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
07.03.2025 16:13

Афзоиши синфи миёна - шаҳодати устувории иқтисод, субоди иҷтимоӣ ва идоракунии самаранок

Синфи миёна як гурӯҳе мебошад, ки бевосита талаботҳоро нисбат ба сифати идоракунӣ, аз он ҷумла нисбат ба фаъолияти мақомотҳо ва институтҳо дар сатҳи боло пешниҳод мекунад. Синфи миёна дорои имкониятҳои молиявии васеъ буда, талаботҳои онҳо нисбат ба маҳсулот ва сифати маҳсулот тағйир меёбад. Ҳар қадар шумораи синфи миёна зиёд бошад, онҳо бо талаботҳои худ маҷбур мекунанд, ки дар истеҳсолот навоварӣ ҷорӣ карда шавад. Мавқеи онҳо на танҳо ба сифати маҳсулот, балки ба сифати хизматрасониҳо низ таъсиргузор мебошанд. Аз ин лиҳоз, онҳо ислоҳоти такондиҳандаи на танҳо иқтисодӣ, балки ислоҳоти доир ба идоракунӣ ва сифати идоракунии ин ё он мақомот мебошанд. Ин аст, ки дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ба синфи миёна, ба устуворгардонии синфи миёна таваҷҷуҳи бештар медиҳанд, чунки онҳо то кадом андоза муваффақ будани кишварро нишон медиҳанд.

Фарида Муъминова, номзади илмҳои иқтисодӣ, ин нуқтаро дар як чорабинӣ, ки дар мавзӯи “Синфи миёна дар Тоҷикистон: арзёбиҳо, дастовардҳо ва қадамҳои оянда”, ки бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Хома” баргузор шуд, ироа намуд.

“Маҳз синфи миёна ба суботи иқтисодиву сиёсии ҷомеа, амалӣ шудани барномаҳои коҳиши камбизоатӣ, мубориза бо фасод, шаффофияти буҷет ва фаъолнокии босамари ҳукумат манфиатдор аст. Аз нуктаи назари иктисодӣ синфи миёна тавлидкунандаи талабот ба мол ва хизматрасонӣ мебошад ва баробари афзудани даромад чунин талабот торафт мукаммалтар ва гуногунсамт мегардад, ки ба бештар истифода намудани навовариҳо мусоидат мекунад. Намояндагони синфи миёна дорандагони чунин арзишҳое мебошанд, ки  барои рушди устувори иқтисодиёт, ҷамъият- гирифтани маълумоти хуб, меҳнати пурмаҳсул, пасандозҳо барои сармоягузориҳои оянда ва умуман кишвар муҳим мебошанд”, гуфт Фарида Муъминова.

Айни замон дар ин самт дар ҷумҳурӣ дар доираи Шурои мушаххас, ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад, ҷанбаҳои методологии тарзи муайян намудани фоизи синфи миёна мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Арзёбии синфи миёна дар Тоҷикистон ба равиши семарҳилаи ҳамаҷониба, ки Бонки ҷаҳонӣ таҳия кардааст, асос ёфтааст. Чунин арзёбиҳо дар асоси маълумоти панел пешбинӣ шуда, бо назардошти сатҳи маълумот, синну сол, ҷинс, вазъи оилавӣ, ҳаҷми хонавода, шумораи фарзандон ва нафақагирандагон, ҷойгиршавӣ, минтақа, соҳаи шуғл, мавқеъ дар бозори меҳнат, касб, хизматрасонӣ ва ғайра таъсис мегарданд. Синфи миёнаи болоӣ дар асоси 10% эҳтимолияти ба камбизоатӣ афтодан ва табақаи миёнаи поёнӣ дар асоси 30% эҳтимолияти ба фақр афтодан муайян карда мешавад.

Умед Холов, сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ мегӯяд, таҳсилоти босифат ва рушди захираҳои инсонӣ, шуғли устувор бо рушди соҳибкорӣ, гузариш ба иқтисодиёти арзиши изофашуда ва баланд бардоштани устувории иқтисодӣ ва молиявӣ ба васеъ намудани синфи миёна мусоидат мекунад.

“Дар ҷаласаи Шурои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои миллии рушди ҶТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буданд, ки то охири соли 2024 методология оид ба муайян намудани сатҳи табақаи миёнаи аҳолӣ таҳия карда шавад. Дар доираи ҳамин Шӯро ин методология дар ҳамкорӣ бо Агентии омор ва Бонки ҷаҳонӣ таҳия гардид ва он 18-уми феврали соли 2025 тасдиқ карда шуд”- гуфт Умед Холов.  

Коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, табақаи миёнаи аҳолӣ дар ҳар як ҷомеа нақши калидӣ дорад, он на танҳо нишонаҳои баландшавии сатҳи зиндагӣ, балки муҳаррики иноватсия рушди бозори дохилӣ мебошад. 

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳам нишон медиҳад, кишваре, ки дар онҳо шумораи  табақаи миёнаи аҳолӣ афзоиш меёбад, иқтисод устувор, сатҳи баланди сармоягузорӣ, субоди иҷтимоӣ ва идоракунии самаранок вуҷуд дорад.

Дар интиҳои чорабинӣ баҳсу баррасиҳо сурат гирифт.

Маҳина Давлатова, хабарнигор

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.