27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
11.03.2025 15:40

Фармони нави Трамп сафари покистониҳо ва афғонистониҳо ба Амрикоро маҳдуд мекунад

Фармони нави Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки оид ба манъ кардани сафар ба ин кишвар аст, эҳтимоли ворид шудани шаҳрвандони Афғонистон ва Покистон ба хоки Амрикоро маҳдуд кунад. Расонаи “Рейтерз” менависад, ки ҳафтаи оянда бо иҷроӣ шудани ин фармон вуруди шаҳрвандони ин кишварҳо ба Амрико манъ хоҳад шуд.

Се манбаъ аз ҳукумати Амрико ба “Рейтерз” гуфтаанд, шаҳрвандони кишварҳои дигар низ метавонанд ба ин рӯйхат шомил шаванд, ки боиси маҳдудиятҳои сафар ба Амрико хоҳад шуд.

Президенти пешини Амрико Ҷо Байден дар замони президентиаш маҳдудиятҳои ворид шудани хориҷиён ба Амрикоро бекор намуда, гуфта буд, ки он “як доғ дар виҷдони миллӣ” аст.

“Афғонҳое, ки барои сафари дубора визаҳои махсус гирифтаанд, эҳтимолан аввал зери таҳқиқоти сахт қарор хоҳанд гирифт” – зикр намудааст як манбаъ ба “Рейтерз”.

Ин манбаъ таъкид кардааст, дафтари Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки назорати сафари дубораи афғонистониҳоро ба уҳда дорад, талош мекунанд, ки барои дорандагони визаҳои махсус иҷозат гиранд: “Аммо эҳтимоли гирифтани чунин иҷозат кам ба назар мерасад”.

Қаблан, “Рейтерз” аз қавли сарчашмаҳои худ иттилоъ дода буд, ки ҳукумати Доналд Трамп ба дафтари интиқоли афғонҳо супориш додааст, ки фаъолияташро қатъ кунад. Тибқи гузориш, агар ин дафтар баста шавад, 200 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ имкони ба Амрико рафтанро аз даст хоҳанд дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.