Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов хостори таъсиси Шурои об дар Осиёи Марказӣ шуд
Президенти пешини Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар суҳбат бо расонаи “ТДН” изҳор доштааст, ки масъалаи норасоии об яке аз мушкилоти бузурги кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Ӯ дар суҳбат бо расонаи “ТДН” ба мушкилоти ҷиддии минтақа, бахусус норасоии об ишора намуда, зикр мекунад, ки қаблан Туркманистон се принсипи асосиро барои ҳалли масъалаҳои об дар Осиёи Марказӣ пешниҳод карда буд.
“Аввалан риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ. Ин маънои онро дорад, ки захираҳои обӣ моликияти умумии башарият мебошанд. Бар асоси ин, истифодаи об бояд мутобиқи меъёрҳои эътирофшуда ва конвенсияи СММ сурат гирад. Дуюм, ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми истифодаи захираҳои обӣ манфиатҳои ҳамаи кишварҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Танҳо чунин муносибат метавонад рушди одилона ва устуворро таъмин кунад. Сеюм, ҷалби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ба ин раванд” – гуфтааст Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов.
Президенти пешини Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар ин суҳбат пешниҳод кардааст, ки Шурои минтақавии истифодаи об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад, то ба ин тариқ механизми истифодаи оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ танзим гардад.
“Туркманистон ҷонибдори қабули конвенсияҳои СММ оид ба дарёҳои Амударё ва Сирдарё мебошад” – гуфтааст президенти пешини Туркманистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”