Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Ҳукумати нави Сурия бо курдҳо созишнома имзо кард
Ҳукумати нави Сурия 10-уми марти соли 2025 бо Неруҳои демократии Сурия созишномаи муҳиммеро имзо кард. Тибқи созишнома ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва низомии ҳукумати худмухтори курдҳо дар шимолу шарқи Сурия ба сохторҳои ҳукумати нави Сурия мепайванданд.
Ин созишнома аз сӯйи роҳбари муваққати Сурия Аҳмад Ал-Шаръ ва фармондеҳи Неруҳои демократи Сурия Мазлум Абдӣ имзо шудааст. Ин созишнома оташбаси саросариро дар бар мегирад ва интизор меравад то охири сол амалӣ гардад.
Тибқи ин созишнома тамоми гузаргоҳҳои марзӣ, фурудгоҳҳо, конҳои нафту газ, инчунин, маҳбасҳое, ки дар он муттаҳамони гурӯҳи террористии ДОИШ нигоҳ дошта мешаванд, таҳти назорати ҳукумати марказӣ қарор мегирад.
Ин созишнома ҳуқуқи ақалияти курдҳоро ба расмият мешиносад. Он ҳамчунин, имкон медиҳад, ки курдҳо ба забони модарии худ дар Сурия таълим гиранд. Ҳамчунин, ба гурезаҳои курд шароит муҳайё мегардад, ки ба ватани худ баргарданд.
Ин созишномаи ҳукумати нави Сурия дар ҳоле имзо мешаванд, ки ҳафтаи гузашта неруҳои низомии ҳукумати нав дар қисматҳои алавинишини ин кишвар амалиёти низомӣ гузарониданд. Дар натиҷаи задухӯрди неруҳои ҳукумати нав бо ақалияти курдҳо беш аз 1000 нафар, аз ҷумла 745 ақалияти алавӣ кушта шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад