Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Илм ба иқтисодиёти Қазоқистон 118 миллиард танга даромад овард
Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ки дар натиҷаи тиҷоратӣ кардани лоиҳаҳои илмӣ ба иқтисодиёти ин кишвар 118 миллиард танга ворид шудааст.
Саясат Нурбек, вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон дар маҷлиси ҳукумат натиҷаҳои тиҷоратӣ кардани лоиҳаҳои илмиро шарҳ дод. Ӯ дар маҷлиси ҳукумат гуфт, ки аз соли 2016 Бунёди илм шаш озмун баргузор кардааст, ки ҳадафи он татбиқи таҳқиқоти илмӣ дар бахши иқтисод мебошад.
“Муҳим он аст, дар се соли ахир тиҷоратӣ кардани натиҷаҳои илмӣ, ки бояд маблағгузорӣ мешуд, сурат намегирифт. Мо ин равандро дубора оғоз кардем ва маблағҳои грантиро афзоиш додем. Ҳамаи саҳми лоиҳаҳо дар иқтисодиёт 118,4 миллиард тангаро ташкил дод. Илова ба ин, чанд ҳазор ҷойи кори нав ташкил ёфт”- гуфт Саясат Нурбек.
Қаблан вазир аз пуштибонии молиявии олимони ҷавон хабар дода буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”