Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рӯзи матбуоти тоҷик. Киҳо барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шуданд?
Имрӯз, 11-уми март дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир гардид.
Чун анъана дар Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор журналистону кормандони воситаҳои ахбори омма бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Гуфтан мумкин аст, ки дар кишвари мо ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳз дар Рӯзи матбуот ба аҳли қалам дода мешавад.
Имсол ин ҷоизаи бонуфузро дар бахши матбуот панҷ нафар, собиқадори матбуот, директори ТҶБ "Истиқбол" Латофат Кенҷаева, хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” Ворис, корманди нашрияи "Омӯзгор" Шодӣ Малахов, сармуҳаррири "Время & денги" Сироҷиддин Иззатуллоев ва муовини сармуҳаррири нашрияи "Шаҳриёр" Музаффари Имом ба даст оварданд.
Дар бахши телевизион бошад, ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба Луъбат Ризоева, корманди "Телевизиони Тоҷикистон" ва Шералӣ Саидов, корманди Телевизиони"Хатлон" дода шуд.
Барандаи ҷоизаи мазкур дар самти радио корманди радиои "Овози тоҷик" Зарангез Гирдакова дониста шуд.
Абдуҳалим Раҳимов, устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон сазовори ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши таҳқиқ дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки 11-уми марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои Шариф” аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардид. Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад ва ин сана ҳамчун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”