Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аҳмад Масъуд: “Занони Афғонистон парчамбардори мубориза ба зидди Толиб ҳастанд”
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба муносибати Рӯзи гиромидошти занон гуфт, то замоне, ки “толиби физикӣ” ва “толиби фикрӣ” аз зеҳни ҳар як шаҳрванди Афғонистон аз байн наравад, мушкилоти Афғонистон ҳал нахоҳад шуд.
Аҳмад Масъуд дар нишасте, ки бонувони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои гиромидошти рӯзи занон баргузор кардаанд, гуфт ки, занони Афғонистон парчамбардорони мубориза бар зидди истибдоди Толибон ва ифротгароӣ дар Афғонистон мебошанд.
“Бояд ба хотири модар, духтар, фарзанд ва ояндаи худ биистем ва мубориза кунем. Агар касе иқдоме намекунад, хиёнат аст” – таъкид намуд Аҳмад Масъуд.
Аҳмад Масъуд бо ишора ба ҳақ доштани занони Афғонистон ба таҳсил таъкид кард, ки ба хотири ин арзишҳо мубориза ва истодагӣ хоҳад кард. Ӯ дар бахше аз суханонаш гуфт: “Ҳар духтаре, ки орзуи мактаб рафтан дорад ва наметавонад ин корро анҷом диҳад, хоҳари ман аст ва ин масъулияти мост, ки ба зидди ин вазъият истодагӣ кунем. Занон дар хатти муқаддами зулму истибдод қарор доранд. Мубориза ва талоши занон на ин бор, балки дар тӯли чанд даҳаи рушди ифротият ва занситезӣ барҷаста будааст”.
Аҳмад Масъуд таъкид кард, ки мушкили асосии Афғонистон танҳо зуҳури физикии Толибон нест, балки решаҳои фикрии ин гурӯҳ низ аз байн бояд бурда шавад.
“То замоне, ки “толиби физикӣ” дар Афғонистон ва “толиби фикрӣ” аз зеҳни ҳар як шаҳрванди Афғонистон аз байн наравад, мушкили Афғонистон ҳал намешавад” – гуфт Аҳмад Масъуд.
Толибон баъди ҳоким шудан ба Афғонистон таҳсилу кор барои духтарону занонро дар Афғонистон манъ намуда, маҳдудиятҳои зиёдеро бар алайҳи занони Афғонистон ҷорӣ намуданд. Гурӯҳи террористии Толибон бар асоси идеология таҳсилу кор ва зоҳир шудан дар ҷамеаро бидуни маҳрам манъ кардаанд.
Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи қабл гузориш нашр кард, ки гурӯҳи террористии Толибон ба таври системавӣ ҳуқуқи занони Афғонистонро нақз мекунанд ва ин боиси ҳазфи комили занони Афғонистон аз ҷомеа шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”